Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқот намуданд - 17.07.2019 09:19
Суғд: Дар нимсолаи якуми соли равон 1429 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт - 16.07.2019 09:02
Мастчоҳ. Иҷроиши нақшаи андозҳо 102,8 фоиз таъмин гашт - 16.07.2019 08:45
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 - 16.07.2019 08:34
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Конибодом ба 149 млн. 519,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид - 15.07.2019 10:45
Ифтитоҳи Маркази савдои "Корвон-Плаза" дар шаҳри Бӯстон - 15.07.2019 10:33
Хуҷанд. Ба маблағи 93,3 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ содирот шуд - 15.07.2019 10:30
Дар шаҳри Бӯстон 43 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд - 12.07.2019 16:14
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи «Чашмаи Нуқра»-и ноҳияи Данғара дидан карданд - 12.07.2019 16:05
Ашт. Ба маблағи 93 млн. 382 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид - 12.07.2019 15:43

Исфара. Волидон ба дидорбинии сарбозон рафтанд

( 0 Овоз )

Чанде қабл бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара гурӯҳи волидон аз ҷамоатҳои деҳоти Сурх, Чоркуҳ ва Ворух ба қисмҳои ҳарбии мустақар дар ноҳияи Спитамен ташриф оварда, бо шароити хизмат ва зисту зиндагонии сарбозон аз наздик шинос шуданд.

Афсарони қисми низомӣ аз вазъи хизмати ҳарбӣ ба волидон маълумот дода, таъкид сохтанд, ки имрӯзҳо бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизмати сарбозон дар қисмҳои низомии кишвар тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудаанд.

Аз ҷумла, барои аскарон биноҳои таълимӣ, ҳаммом, хонаи шустушўи либос, ошхона ва дигар иншоотҳо бунёд шудааст. Шароитҳои фароҳам овардашуда имконият медиҳанд, ки афсарону сарбозон сари вақт ва дар сатҳи зарурӣ барномаҳои таълимии таҳсилро аз худ намоянд.

Падару модарон зимни шиносоиҳо аз шароити мавҷудаи қисми низомӣ изҳори хушнудӣ намуда, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро мактаби ҷасорату мардонагӣ арзёбӣ карданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Исфара. Волидон ба дидорбинии сарбозон рафтанд