Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ: Дар рӯзҳои боронӣ эҳтиёткор бошед!

( 0 Овоз )

4 июни соли​ равон ​ дар​ ҳудуди​ деҳаи Рӯзи Обноки Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент сел омада, як манзили истиқоматии сокини ин деҳаро пурра вайрон кардааст. Муттаасифона, дар натиҷаи ин ҳодиса ​ ду нафар бародарон, ки аз шаҳри Душанбе ба деҳаи мазкур барои аёдат рафта буданд, ба ҳалокат расиданд. Алҳол ҷасади яке ёфт шуда,​ дигарӣ дар кофтуков қарор дорад.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон​ барои бартараф намудани ҳолати рухдода комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Панҷакент ва​ дастаи зудамали наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар водии Зарафшон ​ фаъолият​ доранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон даваът намудааст, ки​ дар рӯзҳои боронӣ бештар эҳтиёткор бошанд ва чораҳои амниятиро риоя намоянд.​

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share