Хабарҳо
Нишасти 174-умини маҳфили “Ганҷи сухан” дар Ҷамоати деҳоти Ворух сурат гирифт - 19.07.2019 12:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 19.07.2019 12:51
Суғд: Бо харҷи беш аз 10 млн. сомонӣ 42 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд - 19.07.2019 11:27
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бунёду азнавсозии беш аз 90 иншооти соҳаи тандурустӣ ба итмом расонида шуд - 19.07.2019 11:04
Ҷалби 176,8 млн. доллар сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилояти Суғд - 19.07.2019 11:03
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби шаҳодатномаи барномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардид - 19.07.2019 10:18
Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ барои кормандони ВАО - 18.07.2019 14:53
Дар шаҳри Конибодом 11 майдончаи варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд - 18.07.2019 10:40
Дар нимсолаи якуми соли 2019 шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят 6834 нафар афзудааст - 18.07.2019 09:31
Таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ. Дар Суғд озмуни кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ гузаронида мешавад - 18.07.2019 08:53

Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

( 1 Овоз )

1 - уми июни соли равон дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ» - и шаҳри Хуҷанд Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар сатҳи баланд доир гардид. Дар чорабинӣ муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, роҳбарияти шаҳри Хуҷанд, намояндагони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, зиёиён, муҳассилин ва тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш аз растаҳои мухталифи ҳунарӣ ва эҷодии кӯдакону наврасон дидан намуда, бахусус ба ҳунари шеърхонӣ, расмкашӣ, ихтироъкорӣ, варзишӣ ва офаридаҳои онҳо баҳои баланд доданд.

Мавриди зикр аст, ки завқи зебоипарастӣ ва табиатдӯстии кӯдакону наврасон сол аз сол боло меравад. Дар чорабинии идона гӯшаҳои зиндаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят диққатҷалбкунанда буд. Тамошобинон, алалхусус кӯдакон ин гӯшаҳоро бо завқи баланд дидан намуда, таассуроти нек бардоштанд.

Ҳамзамон, гӯшаи «Шаҳраки саломатӣ», ки аз ҷониби намояндагони муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят ташкил шуда буд, басо хотирмон ва маърифатомӯз буд.

Дар тантанаи идонаи Рӯзи кӯдакон муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ кулли кӯдакону наврасони вилоятро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода табрику муборакбод гуфта, барояшон даврони босаодати тифлӣ, осмони соф, оромию осудагӣ ва хандаи беғаши кӯдакиро таманно намуд.

- Дар партави сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон ба тарбияи кӯдак ва ташаккули тарзи ҳаёти солими насли наврас, таълиму тарбияи онҳо аҳамияти махсус дода мешавад, зеро рушди минбаъдаи ҷомеа маҳз ба тарбияи дурусти кӯдакону наврасон вобаста мебошад, - зикр дошт Назира Ғаффорӣ.

Мавриди зикр аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба рушди муассисаҳои томактабӣ, таъмиру азнавсозии онҳо, боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи кӯдакон, фарогирии теъдоди бештари онҳо ба муассисаҳо таваҷҷуҳу эътибори зарурӣ равона намудааст. Айни ҳол, дар ҳудуди вилоят 263 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 203 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, 13 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 47 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият намуда, 42710 нафар кӯдакон ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

Баробари ин, тибқи дурнамо дар вилоят таъсис додани боз 48 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба нақша гирифта шуда, азнавсозӣ, таъмиру тармими муассисаҳо, ташкили лагерҳои истироҳатию маърифатӣ ба хотири фаро гирифтани кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо баёнгари таваҷҷуҳи доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба насли ояндасоз мебошад.

Барои кӯдакону наврасон аз ҷониби фарҳангчиёни вилоят барномаи рангини ҳунарӣ пешкаш гардид, ки басо хотирмон буд.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон