Хабарҳо
Вохӯрии роҳбарони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагон дар ноҳияи Ашт - 12.02.2020 14:04
ЭЪЛОН: 15 феврал ярмарка-фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳо доир мешавад - 12.02.2020 16:45
Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ - 14.02.2020 17:10
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 14:39
Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон.... - 18.02.2020 17:51
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо - 17.02.2020 18:02
Раиси вилоят намояндагони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Белорусро ба ҳузур пазируфт - 18.02.2020 12:04
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 14:39
Ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон санги асос гузошта шуд - 18.02.2020 14:42
Раиси вилоят аз сохтмони осоишгоҳ дар шаҳри Гулистон сохташаванда шинос шуд - 18.02.2020 14:43

Дар Хуҷанд даври шаҳрии озмуни «Хонандаи соли 2019» ҷамъбаст шуд

( 0 Овоз )

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии озмуни шаҳрии «Хонандаи соли 2019» баргузор гардид. Дар ин даври озмун 11 довталаб аз муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, аз рӯйи 5 шарти озмун - сатҳи донишомӯзӣ, муаррифинома, саволҳои сиёсӣ, маҳорати сухандонӣ ва истеъдод бо ҳам дар рақобат шуданд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамоти озмун шоҳҷоиза насиби Маҳастии Сангин, толибаи "Мактаби Пӯлотов" гардида, мақоми аввалро Динара Ачилова, хонандаи гимназияи №4, ҷойи дуюм ва ҷоизаи «Таваҷҷуҳи тамошобин»-ро муҳассили гимназияи №24 Фархунда Равшанзода, ду ҷойи дуюми дигарро Зебо Фурқатзода, толибаи литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Тахмина Холиқова хонандаи гимназияи Гёте соҳиб шуданд.

Намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Шамсия Қурбонова озмуни «Хонандаи соли 2019»-ро натиҷагирӣ намуда, афзуд, ки ҳадафи озмун дарёфт ва муайян намудани хонандагони боистеъдод, навовар, эҷодкор буда, ҳамзамон дар ин замина рушди истеъдоди хонандагони болаёқат дар таҳсили минбаъдаашон мебошад.

Ба ғолибони озмун ҷоиза ва дипломҳои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷандро тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Хуҷанд даври шаҳрии озмуни «Хонандаи соли 2019» ҷамъбаст шуд