Хабарҳо
Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷамъбаст гардид - 22.01.2020 08:40
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 16:00
Зиндагии шоиста - ҳадафи асосӣ - 21.01.2020 11:00
Ғолибони озмуни "Шоҳмотбози беҳтарин" муайян гардиданд - 21.01.2020 10:51
Таъсиси комиссияи вилоятӣ оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи ободониву кабудизоркунии маҳалли зист - 21.01.2020 10:43
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 21.01.2020 10:39
Озмуни вилоятии “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” гузаронида мешавад ​ - 21.01.2020 10:23
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 08:29
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсиро тасдиқ намуд - 20.01.2020 16:52
Паём ва масъалаҳои рушди соҳаи маориф - 20.01.2020 13:29

Ҷалби сокинон барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…»

( 1 Овоз )

Китобдорони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ҷиҳати тарғибу татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иштироки доираи васеи хонандагон дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Тавре аз маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ хабар доданд, шурӯъ аз 14-уми феврал китобдорон бо таъсисдиҳии ҳафт гурӯҳи тарғиботӣ дар китобхона-филиалҳо, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, марказҳои таҳсилоти иловагӣ, донишкадаву донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳу коллеҷҳо, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ ва бонкҳо, кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд корҳои ташвиқотӣ бурда, аҳолии зиёдеро барои ширкат дар озмун ҷалб карданд.

Ёдовар бояд шуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…»ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар гузаронида мешавад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҷалби сокинон барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…»