Хабарҳо
Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷамъбаст гардид - 22.01.2020 08:40
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 16:00
Зиндагии шоиста - ҳадафи асосӣ - 21.01.2020 11:00
Ғолибони озмуни "Шоҳмотбози беҳтарин" муайян гардиданд - 21.01.2020 10:51
Таъсиси комиссияи вилоятӣ оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи ободониву кабудизоркунии маҳалли зист - 21.01.2020 10:43
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 21.01.2020 10:39
Озмуни вилоятии “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” гузаронида мешавад ​ - 21.01.2020 10:23
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 08:29
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсиро тасдиқ намуд - 20.01.2020 16:52
Паём ва масъалаҳои рушди соҳаи маориф - 20.01.2020 13:29

Кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ фаъоланд

( 0 Овоз )

Шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати иҷрои дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба такмили таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, чун забони русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои мактабиву томактабӣ  тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Иқдоми мазкур бештар дар муассисаҳои томактабӣ ба назар расида, дар  онҳо натиҷагирӣ ва омӯзиши дарс дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. Тибқи маълумоти масъулини шуъбаи маорифи шаҳр, ҳадаф аз ҷорӣ намудани амали мазкур, ин татбиқ намудани «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» дар муассисаҳои таълимии томактабӣ мебошад.

Зимни омӯзишҳо, пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити педагогию психологӣ баҳри рушди қобилият ва завқи кӯдакони синни томактабӣ дар омӯзиши забонҳои русию англисӣ роҳандозӣ гардида, инчунин бо кӯдакони болаёқат дар асоси ба инобат гирифтани неруи зеҳнӣ ва малакаи забондонии онҳо машғулиятҳои гуногуни донишандӯзӣ гузаронида мешаванд.

Аз ҷумла,  бо забони русӣ дар мавзӯи «Чор фасли сол» дар кӯдакистони №28 бо кӯдакони гурӯҳи калон дарси кушод,  бо омӯзиши забони англисӣ ва забони русӣ дар кӯдакистони №40 дар гурӯҳҳои омодагӣ ба мактаб машғулияти намунавӣ, ки  аз шиносоӣ бо шаклҳои геометрӣ ва муҳити зист иборат буданд, гузаронида шуданд.

Бо истифода аз забони русӣ ва англисӣ дар кӯдакистони №26 дар гурӯҳи омодагӣ ба мактаб баҳри муайян намудани таълими савод, ташаккули тасаввуроти оддитарини математикӣ, инкишофи нутқ, бо истифода аз методҳои интерактививу инноватсионӣ чанде пеш тибқи нақшаи таълимӣ машғулияти комплексӣ гузаронида шуд.

Машғулиятҳои зикршуда  аз  ҷониби масъулини шуъбаи маорифи шаҳр  баҳои баланд гирифтанд. Кӯдакон  дар навбати худ зимни машғулиятҳо бо истифода аз ашёву айёнияти намоишӣ бо ҷавобҳои саҳеҳу бурро чолокиву зиракии худро нишон доданд.

Бояд зикр аст, ки имрӯз дар кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд 9398 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, шумораи гурӯҳҳои таълимашон бо забони русӣ 45 адад буда, ҳамзамон дар 136 адад гурӯҳҳои алоҳида машғулиятҳои иловагӣ аз забони русӣ ва дар 130 гурӯҳҳо машғулиятҳои забони англисӣ гузаронида мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ фаъоланд