Хабарҳо
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен - 29.01.2020 17:58
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов - 29.01.2020 16:24
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара - 29.01.2020 15:50
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ - 29.01.2020 13:08
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд - 27.01.2020 16:21
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада - 25.01.2020 19:25
Фестивали вилоятии «Атласу адрас» гузаронида мешавад - 27.01.2020 11:16
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Боғи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ - 27.01.2020 10:04
Ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ - 25.01.2020 11:56
Пешвои миллат дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд - 24.01.2020 16:03

Раҷаббой Аҳмадзода: Ба тарбияи мутахассисони баландихтисос эътибори махсус дода мешавад

( 0 Овоз )

-Масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаву олии касбӣ ва тарбияи мутахассисони баландихтисос мавриди эътибори аввалиндараҷа қарор дорад,-иброз дошт Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ дар маросими ҷамъбастии чорабиниҳои Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки шоми рӯзи 23 май доир шуд.

Раиси вилоят таъкид кард, ки бо мақсади дастгирии моддию маънавии ғолибони озмунҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим дорад, барои ғолибони озмунҳо ва омўзгорони онҳо аз 3 ҳазор то 10 ҳазор сомонӣ  мукофотпулӣ ҷудо намояд.

Ҳамзамон, тибқи қарори Раиси вилоят барои хонандагон ва омўзгороне, ки дар олимпиадаҳои мамлакатҳои хориҷии дур ба гирифтани медали тилло сазовор мешаванд, ба ҳар кадом  25 ҳазор сомонӣ, ба онҳое, ки соҳиби медали нуқра мегарданд, 15 ҳазор сомонӣ ва ба соҳибони медали биринҷӣ 5 ҳазор сомонӣ мукофот дода мешавад.

Қайд гардид, ки дар миқёси вилоят алҳол 7 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ - коллеҷҳо фаъолият мебаранд, ки дар маҷмўъ 67 ҳазору 171 нафар толибилмонро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Раҷаббой Аҳмадзода: Ба тарбияи мутахассисони баландихтисос эътибори махсус дода мешавад