Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқот намуданд - 17.07.2019 09:19
Суғд: Дар нимсолаи якуми соли равон 1429 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт - 16.07.2019 09:02
Мастчоҳ. Иҷроиши нақшаи андозҳо 102,8 фоиз таъмин гашт - 16.07.2019 08:45
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 - 16.07.2019 08:34
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Конибодом ба 149 млн. 519,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид - 15.07.2019 10:45
Ифтитоҳи Маркази савдои "Корвон-Плаза" дар шаҳри Бӯстон - 15.07.2019 10:33
Хуҷанд. Ба маблағи 93,3 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ содирот шуд - 15.07.2019 10:30
Дар шаҳри Бӯстон 43 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд - 12.07.2019 16:14
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи «Чашмаи Нуқра»-и ноҳияи Данғара дидан карданд - 12.07.2019 16:05
Ашт. Ба маблағи 93 млн. 382 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид - 12.07.2019 15:43

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба ҷавонони шарафманди вилоят, ки созандагони фардои Ватани маҳбубу соҳибистиқлоламон ҳастанд, сидқан муборакбод гуфта, рӯзгори хушу хуррам, сиҳатмандӣ, хушиқболӣ ва дар иҷрои мақсаду ниятҳои нек дастоварду муваффақият орзу менамоям.

Боиси ифтихор аст, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвари азизамон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳукумати кишвар эълон шуда, қабули қонуну барномаҳои рушди иҷтимоии ҷавонон, грантҳо, таъсиси квота ва стипендияҳои Президентӣ дар самти тарбияи маънавию ватанпарастии ҷавонон ва ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонон шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар гардидааст.

Натиҷаи ҳамин иқдому дастгириҳои ҳукумати кишвар аст, ки имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзанд ва ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон фаъолона саъйу талош менамоянд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба фаъолият ва кӯшишу ташаббусҳои ҷавонон баҳо дода, дар Паёми навбатии худ, аз ҷумла зикр намуданд: «Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем».

Аз ин лиҳоз, ҷавонони саодатмандро зарур аст, ки ҷавобан ба чунин ғамхорӣ ва пуштибонӣ фаъолияти хешро барои татбиқи ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи давлату ҳукумат боз ҳам пурзӯр намоянд.

Вобаста ба ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ бо мақсади дастгирии ҷавонони боистеъдод, ватандӯсту соҳибмаърифат ва худогоҳу хештаншинос бо таъсис додани стипендия ва грантҳои Раиси вилоят, ҷоизаю мукофотҳои соҳавӣ барои ғолибону фаъолон тадбирҳои муассир меандешад. Аз ҷумла, барои дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ, оммавию варзишӣ, тарбиявию ахлоқӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон қарори дахлдори Раиси вилоят ба тасвиб расида, дар асоси он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят силсилаи чорабиниҳо амалӣ карда шуданд.

Ҳамчунин, дар саросари вилоят мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят аз рӯи 15 намуди варзиш роҳандозӣ гардид, ки барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва варзиш дар байни ҷавонон мусоидат намуд.

Боиси таъкид аст, ки шароити пурҳаводиси ҷаҳони имрӯз талаб мекунад, ки ҷавонони мо доимо зираку ҳушёр ва ба ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон тайёр бошанд. Онҳо бояд дар рӯҳияе ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки Ватанамон азизу муқаддас бошад ва ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург донанд.

Итминони комил дорам, ки ҷавонони вилоят аз уҳдаи вазифаҳои дар наздашон гузошташуда сарбаландона мебароянд ва минбаъд низ кӯшиш мекунанд, ки ба нафъи давлату ҷомеа содиқона хизмат намоянд.

Бори дигар, кулли ҷавонони саодатмандро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик гуфта, саломатӣ, иқболи нек ва дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ғайрату матонат ва азму иродаи қавӣ орзу менамоям.

Ҳамеша тансиҳат ва пирӯзу сарбаланд бошед, ҷавонони азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон