Хабарҳо
Ҳайати Тоҷикистон дар кори ҳамоиши САҲА иштирок дорад - 18.09.2019 10:12
ВАРШАВА ОБСЕ 17.09.2019 / Суханронии навбатии Зариф Ализода дар конфронси САҲА дар Варшава - 17.09.2019 21:22
ВАРШАВА ОБСЕ 17.09.2019 / Суханронии Аминҷон Абдураҳимов дар конфронси САҲА дар Варшава - 17.09.2019 21:07
ВАРШАВА ОБСЕ 17.09.2019 / Суханронии намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи САҲА - 17.09.2019 20:43
ВАРШАВА ОБСЕ 17.09.2019 / Суханронии навбатии Зариф Ализода дар конфронси САҲА дар Варшава - 17.09.2019 20:17
“ШИКАСТ АҲДИ ХУДУ ГУФТ: ҲАР ЧӢ БУД ГУЗАШТ....” Андешаҳо дар ҳошияи муноқишаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон - 17.09.2019 16:51
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави коркарди сангро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд - 17.09.2019 16:42
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Корхонаи таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд - 17.09.2019 16:40
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии «Композит Т.А.» дар шаҳри Душанбе оғоз бахшиданд - 17.09.2019 16:38
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсолии ҶСП «Тоҷиксемент» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд - 17.09.2019 16:37

Суғд: Фестивали вилоятии “Атласу адрас” гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

Бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» даҳаи сеюми моҳи май Фестивали вилоятии “Атласу адрас” гузаронида мешавад.

Фестивали мазкур бо мақсади рушди соҳаи саноати сабук, аз ҷумла ривоҷу равнақ бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои атласу адрас, тарғиби либосҳои аз матои табиӣ омодашуда бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ, рушди меҳнати хонагӣ, баланд бардоштани завқи либоспӯшии миллӣ ва зебоипарастӣ доир хоҳад шуд.

Дар фестивал ҳамаи ҳунармандон, корхонаҳои истеҳсолӣ ва дӯзандагӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои омӯзишӣ, тарроҳон ва дӯзандагони алоҳидаи вилоят иштирок карда метавонанд. Дар вақти баҳодиҳӣ нишондодҳои зерин ба назар гирифта мешавад:

-Беҳтарин либоси кӯдакона (дар алоҳидагӣ 3 ҷой);

-Беҳтарин либоси расмӣ (дар алоҳидагӣ 3 ҷой);

-Беҳтарин либоси рӯзмарра (дар алоҳидагӣ 3 ҷой);

-Беҳтарин либоси идона (дар алоҳидагӣ 3 ҷой);

-Беҳтарин офариниши нақшу нигори атласу адрас аз ҷониби рассомон (1 ҷой);

-Беҳтарин матои атлас (1 ҷой);

-Беҳтарин матои адрас (1 ҷой).

Ба ғолибони фестивал аз 800 то 1500 сомонӣ ва ба барандаи Шоҳҷоиза 3000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Суғд: Фестивали вилоятии “Атласу адрас” гузаронида мешавад