Хабарҳо
Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷамъбаст гардид - 22.01.2020 08:40
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 16:00
Зиндагии шоиста - ҳадафи асосӣ - 21.01.2020 11:00
Ғолибони озмуни "Шоҳмотбози беҳтарин" муайян гардиданд - 21.01.2020 10:51
Таъсиси комиссияи вилоятӣ оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи ободониву кабудизоркунии маҳалли зист - 21.01.2020 10:43
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 21.01.2020 10:39
Озмуни вилоятии “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” гузаронида мешавад ​ - 21.01.2020 10:23
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 08:29
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсиро тасдиқ намуд - 20.01.2020 16:52
Паём ва масъалаҳои рушди соҳаи маориф - 20.01.2020 13:29

Баргузории мусобиқаи вилоятии камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Аз 17 то 19 – уми майи соли равон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Исфара мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят баргузор гардид, ки дар он варзишгарони камонвар аз се кишвар - Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон иштирок намуданд.

Дар ҷамъбасти мусобиқа муовини Раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Салимзода ва намояндагони Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят, меҳмони фахрӣ - ҷоизадори бозиҳои олимпӣ Зебунисо Рустамова ва дигарон иштирок намуданд.

Тавре сардовари мусобиқа Манижа Қосимова иттилоъ дод, мусобиқаи камонварӣ дар байни наврасон дар масофаи 30 метр, дар байни ҷавонон дар масофаҳои 50, 60 ва 70 метр баргузор гардид.

Дар мусобиқа варзишгарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Юлдош Ҳайитов дар масофаи 70 метр ва Мирҷалол Қароров дар масофаи 60 метр  ҷойи аввалро сазовор гардиданд. Дар масофаи 50 метр бошад, аз камони блокӣ намояндаи Ҷумҳурии Қазоқистон И.Ҷонибеков сазовори ҷойи аввал дониста шуд.

Инчунин, дар байни духтарон дар масофаи 60 метр ҷойи якум насиби Анна Поякова, варзишгари Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҷойи дуюм дар масофаи 70 метр насиби Зулхумор Тоҷиалиева, варзишгар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон гардид. Дар ҳамин масофа варзишгарони вилояти Суғд Умеда Ҷӯраева ҷои дуюм ва Мавзуна Азимова ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Дар охир ғолибон бо Ҷоми Раиси вилоят, диплому медал ва туҳфаҳои пулӣ тақдиронида шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории мусобиқаи вилоятии камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд