Хабарҳо
ДЕ-ФАКТО! МУСОҲИБА БО АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР ХОШИЯИ КОНФРОНСИ САҲА - 21.09.2019 21:24
ИНТЕРВЬЮ С АМИНДЖОНОМ АБДУРАХИМОВЫМ В КУЛУАРАХ КОНФЕРЕНЦИИ ОБСЕ - 21.09.2019 21:14
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01

«Лоиқи имрӯзу фардо». Иштирокдорони маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» аз шоири маҳбуби тоҷик ёд карданд

( 1 Овоз )

Нишасти 173-юмин маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан»  таҳти унвони  «Лоиқи имрӯзу фардо» ба  зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ бахшида шуд.

Маҳфил дар Кохи фарҳангии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бо иштироки олимону адибон ва  мухлисони каломи бадеъ доир гардид. Роҳбари маҳфил, адабиётшинос Саидумрон Саидов онро ифтитоҳ бахшида,  роҷеъ ба паҳлӯҳои нодири эҷодиёти  Лоиқ Шералӣ сухан ронд. Номбурда аз ҷумла,  зикр кард, ки дар ҳақиқат ашъори шоир  дар худшиносии миллат ва дар  рӯҳияи  ватандӯстӣ тарбия намудани  насли наврас  нақши  беназир  дорад.

Шоири  халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод–Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз хотираҳои  гуворои ҳамкориву дӯстӣ доштанаш бо Лоиқ Шералӣ ёдоварӣ карда, гуфт, ки Лоиқ аз зумраи  суханваронест, ки поя ва мақоми баланд дошта, ашъораш дарёи бузургеро мемонад, ки ҳар ғаввоси маънӣ аз он барои худ дурдонаҳои суханро дармеёбад. Номбурда ду шеъри тозаэҷодашро дар васфи  устод Лоиқ Шералӣ барои ҳозирин  қироат намуд.

Муаррифии муҳимтарин сарчашмаву адабиёт оид ба рӯзгор ва осори  шоир аз ҷониби номзади илмҳои филология Боҳир Раҷабов сурат гирифт. Ӯ бештар аз чиҳил сарчашмаву адабиётро, ки ба фаъолияти рангини устод Лоиқ Шералӣ  бахшида шудааст, муаррифӣ намуд. Аз ҷадидтарин китоб, ки арзиши баланди адабӣ ва илмиро дорост «Девон»-и Лоиқ мебошад, ки бо сарсухани Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона интишор ёфтааст.

Перомуни сабки ашъори устод Лоиқ  доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мисбоҳиддин Нарзиқул маърӯза намуд. Дар маърӯза матолиби ҷолиб дар бораи сабки шоир баён шуд, ки барои муҳаққиқон як равзанае боз дар шинохти ҳунари шоирии  устод Лоиқ хоҳад буд.

Инчунин дар бораи сабку салиқаи ӯ, ҷаҳони андеша, шахсияти нотакрори устод Лоиқ чанд нафар аз иштирокдорони маҳфил ибрози назар намуданд.

Аз ҷумла, ходими сиёсиву давлатӣ, собиқадори меҳнат Биҳоҷал Раҳимова зикр кард, ки инъикоси чунин маҳфилҳо тавассути расонаҳои хабарӣ,  махсусан радио ва телевизион муҳим буда, дар беҳдошти тафаккур ва ҷаҳонбинии ҷавонон муассир аст.

Олими дин ва адиби соҳибназар Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар баробари қироати чанд шеъри тозаи худ аз маҳбубияти устод Лоиқ дар байни мардум изҳори назар кард. Муаррихи номвар Усмонҷон Ғаффоров хотираҳои рӯшани худро аз рӯзгори устод Боқӣ Раҳимзода баён карда аз муҳаббати ин устод нисбат ба Лоиқ Шералӣ  мисолҳои зиёд   овард.

Дар доираи маҳфил озмуни «Донандагон ва хонандагони ашъори Лоиқ» барои гирифтани ҷоизаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҷамъбаст карда шуда, 10 нафар ғолибон ва фаъолони озмун  бо диплом ва китоби Усмонҷон Ғаффоров  таҳти унвони «Лоиқ Шералӣ» қадршиносӣ гардиданд. Ғолиби озмун донишҷӯи факултети филологияи тоҷик Тахмина Ғафурова аз ашъори ноби устод Лоиқ  Шералӣ  шеъру ғазалҳо  қироат кард.

Адабиётшинос Саидумрон Саидов, ки баъди реҳлати поягузори  маҳфил устод Абдулманон Насриддин ҳашт сол боз роҳбарии маҳфилро бар дӯш дорад ва муҳаррири телевизиони вилояти Суғд Лолаи Иброҳим, ки аз тарғибгари адабиёт ва фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад бо медали ҷашнии «25-солагии ҲХДТ» мукофотонида шуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Сатториён зикр намуд, ки ҲХДТ дар вилоят пайваста мекӯшад, ки амалҳои созандаву бунёдкоронаро дар ҳама ҷабҳаҳо пайравӣ ва роҳандозӣ намояд ва дар ин радиф дар пешрафти илму адаб саҳми худро гузорад.

Чун анъана суруду оҳангҳои дилнавоз бар матни Лоиқ Шералӣ аз ҷониби сарояндагони хушовоз Ҳусейнҷон Юсупов, Бахтиёр Давлатова ва Ҳалим Салим пешниҳоди  иштирокдорони  маҳфил гардид.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «Лоиқи имрӯзу фардо». Иштирокдорони маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» аз шоири маҳбуби тоҷик ёд карданд