Дар Конибодом ду иншооти варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт

( 0 Овоз )

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом сохтмони ду иншооти варзишӣ ба охир расид ва рӯзи гузашта маросими кушодашавии иншоотҳо доир шуд.

Нахуст дар деҳаи Ниёзбеки Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарифов зимни як маросими бошукуҳ майдони варзишӣ барои гузаронидани футболи хурд мавриди истифода қарор гирифт. Майдони футбол аз чониби соҳибкор Исмоилҷон Турдиев бунёд гардидааст. Сипас, толори варзишии «Одилон», ки аз тарафи соҳибкор Акмалҷон Шокиров сохта шудааст, ба истифода дода шуд.

Дар маросими кушодашавии иншоотҳо намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҷамшед Табарзода ва раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода иштирок намуда, варзишгаронро бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик  намуданд.

Зимни суханронии масъулин қайд карда шуд, ки дар Конибодом то 30-солагии Истиклолияти давлатӣ боз чанд иншооти варзишӣ бунёд карда мешавад.

Зимни ифтитоҳи толори варзишӣ соҳибкор Акмал Шокиров низ баромад намуда, аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии соҳибкорон ёдовар шуд. Номбурда ваъда дод, ки дар ҷавоб ба чунин дастгириҳо то  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ боз як кӯдакистон ва маҷмааи варзишӣ барои бонувонро сохта, дар ободии диёр саҳм мегузорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share