Хабарҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 23.05.2020 20:28
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 09:25
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр - 22.05.2020 09:57
Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.05.2020 18:03
Раиси вилоят оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуда изҳори ҳамдардӣ кард - 23.05.2020 17:40
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд рафт - 23.05.2020 17:34
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввал баргузор гардид - 23.05.2020 17:26
Cитоди вилоятии назди Раиси вилоят бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 - 23.05.2020 16:09
Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад” - 22.05.2020 19:21
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар остонаи Рӯзи ҷавонон - 22.05.2020 16:49

Мулоқоти Гавҳар Шарофзода бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон

( 0 Овоз )

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон мулоқоти гурўҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии раиси Кумитаи номбурда Гавҳар Шарофзода бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аъзои Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», кормандон ва масъулини бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, идораи нотариалии шаҳр, котибони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони ташкилоту идора ва корхонаву муассисаҳои шаҳр баргузор гардид.

Бино ба иттилои мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Илҳом Мадалиев зимни мулоқот муовини раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода иброз дошт, ки забон яке аз рукнҳои давлатдорӣ буда, дар ҳудуди шаҳри Гулистон дар шаш ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассиса ва идораҳо тибқи талаботи қонун комиссияҳои татбиқи забон фаъолият доранд.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода доир ба натиҷаҳои кори гурўҳи корӣ иттилооъ дода, зикр намуд, ки бояд дар тарғибу ташвиқи мақоми забони давлатӣ теъдоди тоблуву овезаҳо бештар бошанд. Ҳамзамон, доир ба маводи дастуротии омоданамудаи Кумита роҷеъ ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, фаъолияти бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар масоили марбут ба татбиқи Қонуни забон дастуру маслиҳатҳои судманд дода шуд.

Иштирокчиёни мулоқоти судманд Обиддин Ваҳҳобов, корманди Шабакаҳои барқи Суғд, Сурайё Гадоева, сарвари гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир ба тарҷумаи луғатҳои техникӣ, забони васоити ахбори омма, телевизион ва радио, инчунин ташкили барномаҳои ҷолиби имлошиносӣ ва монанди ин ибрози андеша намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти Гавҳар Шарофзода бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон