Хабарҳо
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 22.07.2019 14:57
Суғд: Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон озмуни вилоятии "Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин" гузаронида мешавад - 22.07.2019 10:52
Таъсиси 6 ширкати сайёҳӣ ва 20 хатсайри нав дар Суғд - 22.07.2019 08:28
Барои беҳтарсозии ҳолати мелиоративии заминҳо 5,4 млн. сомонӣ равона гардид - 22.07.2019 08:26
Нашри китоби "Асосҳои давлат ва давлатдорӣ аз назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон" - 22.07.2019 08:22
Нишасти 174-умини маҳфили “Ганҷи сухан” дар Ҷамоати деҳоти Ворух сурат гирифт - 19.07.2019 12:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 19.07.2019 12:51
Суғд: Бо харҷи беш аз 10 млн. сомонӣ 42 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд - 19.07.2019 11:27
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бунёду азнавсозии беш аз 90 иншооти соҳаи тандурустӣ ба итмом расонида шуд - 19.07.2019 11:04
Ҷалби 176,8 млн. доллар сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилояти Суғд - 19.07.2019 11:03

""Биёед, китоб мехонем". Бо чунин унвон дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ аксия гузаронида шуд

( 0 Овоз )

Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ аксияи ҷавонон таҳти унвони “Биёед, китоб мехонем!” баргузор карда шуд.

Ба ин муносибат дар ошёнаи аввали Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ намоиши калони китобию матбуотӣ бо фарогирии китобҳои тозанашр доир ба Истиқлолият, Пешвои миллат, китобу маҷаллаҳо доир ба дастовардҳои ҷавонон ва осори адибону олимони мамлакат ташкил карда шуд.

Директори китобхона Баҳром Мирсаидов ҳозиринро хайрамақдам гуфта, нуктаҳои асосии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...”-ро шарҳ дод.

Дар интиҳо кормандони шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографии китобхона ташрифкунандагонро бо шуъбаҳои китобхона ошно намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 ва ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони вилоят дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” гузаронида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд ""Биёед, китоб мехонем". Бо чунин унвон дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ аксия гузаронида шуд