Хабарҳо
Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷамъбаст гардид - 22.01.2020 08:40
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 16:00
Зиндагии шоиста - ҳадафи асосӣ - 21.01.2020 11:00
Ғолибони озмуни "Шоҳмотбози беҳтарин" муайян гардиданд - 21.01.2020 10:51
Таъсиси комиссияи вилоятӣ оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи ободониву кабудизоркунии маҳалли зист - 21.01.2020 10:43
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 21.01.2020 10:39
Озмуни вилоятии “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” гузаронида мешавад ​ - 21.01.2020 10:23
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 08:29
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсиро тасдиқ намуд - 20.01.2020 16:52
Паём ва масъалаҳои рушди соҳаи маориф - 20.01.2020 13:29

Ғолибони мусобиқаи вилоятӣ оид ба шоҳмот бо Ҷоми Раиси вилояти Суғд ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардиданд

( 0 Овоз )

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон рӯзҳои 14 ва 15 майи соли равон дар ноҳияи Мастчоҳ мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкур дар Ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ҷараён гирифт ва дар он шоҳмотбозон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Мастчоҳ миёни бонувон  ҷойи якумро Сардорова Робияхон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҷойи дуюмро Саидова Рухшона аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи сеюмро Абдулатипова Зарнигор аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон соҳиб гардиданд.

Дар мусобиқаи вилоятӣ оид ба шоҳмот миёни мардон бошад ҷойи якум насиби Собиров Асилбек аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҷойи дуюм насиби Иномҷонов Маъруфҷон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи сеюм насиби Сатибаев Акилбек аз Ҷумҳурии Қирғизистон шуд.

Ба ғолибон аз тарафи намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Ҷом, медал, диплом ва туҳфаҳои пулии Раиси вилояти Суғд супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ғолибони мусобиқаи вилоятӣ оид ба шоҳмот бо Ҷоми Раиси вилояти Суғд ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардиданд