Хабарҳо
Таджикистан. Крах оппозиции. Оппозиция не находит доводов - 16.08.2019 22:35
Защита общих рубежей ШОС требует долевого участия - 16.08.2019 22:25
Ҷавонон дар оғӯши «Шоҳин» маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоштанд - 16.08.2019 16:25
Хуҷанд. Машварати августии роҳбарони иттиҳодияи методии муассисаҳои таълимӣ доир шуд - 16.08.2019 16:25
Ашт. Беш аз 200 нафар табибони дорои маълумоти олӣ дар хизмати халқ қарор доранд - 16.08.2019 16:20
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ширкати “Neusoft Medical Corporation”-и Ҷумҳурии мардумии Чин - 16.08.2019 16:06
Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори рӯзи кормандони тиб - 16.08.2019 15:45
Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони роҳи оҳан - 16.08.2019 15:40
Конибодом. 114 километр роҳ аз таъмири ҷорӣ ва 6,2 километр аз таъмири асосӣ бароварда шуд - 16.08.2019 10:14
Нақшаи кишти такрорӣ дар вилояти Суғд иҷро гардид - 16.08.2019 09:59

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд​ конференсияи дуюми магистрантон таҳти унвони “Мақоми ҷавонон дар рушди илм” баргузор гашт

( 0 Овоз )

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи дуюми илмӣ-амалии вилоятии магистрантон таҳти унвони “Мақоми ҷавонон дар рушди илм” баргузор гашт.

Ҷаласаро ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ бахшида, ба магистрантон ҷиҳати анҷоми корҳои бунёдии илмӣ-тадқиқотӣ муваффақияту комгорӣ таманно намуд. Номбурда зикр дошт, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тасмим гирифт, ки дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон конфронси магистратони ҷавони вилоятро таҳти унвони “Мақоми ҷавонон дар рушди илм” бо мақсади ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонон ба корҳои илмӣ–тадқиқотӣ баргузор намояд.

Ректори донишгоҳ аз дастовардҳои ҷавонон истиқбол намуда, ёдовар шуд, ки ҷавонони соҳибистеъдод ва маърифатпарвар баҳри пешрафи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳми арзанда гузошта, баҳри татбиқи сиёсати давлату ҳукумати Тоҷикистон тамоми нерӯи зеҳниву ҷисмии худро равона намуда истодаанд.

Баъдан, магистранти курси дуюми ихтисоси географияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шодмон Нурматов дар мавзӯи “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ – омили пешбарандаи иқтисоди кишвар”, магистранти курси якуми ихтисоси таърих Мафтуна Зунунова оид ба масъалаи “Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии инъикоскунандаи маърифати ҷомеа” ва докторант(PhD)-и курси якуми ихтисоси информатика Набиҷон Аъзамов доир ба “Автоматикунонии раванди бақайдгирӣ - ҳозиршавии кормандон” маърӯза карданд.

Ба иттилои масъулини донишгоҳ конференсия дар 14 бахш ҷараён мегирад ва дар он 110 маърӯза шунида хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд​ конференсияи дуюми магистрантон таҳти унвони “Мақоми ҷавонон дар рушди илм” баргузор гашт