Хабарҳо
Таджикистан. Крах оппозиции. Оппозиция не находит доводов - 16.08.2019 22:35
Защита общих рубежей ШОС требует долевого участия - 16.08.2019 22:25
Ҷавонон дар оғӯши «Шоҳин» маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоштанд - 16.08.2019 16:25
Хуҷанд. Машварати августии роҳбарони иттиҳодияи методии муассисаҳои таълимӣ доир шуд - 16.08.2019 16:25
Ашт. Беш аз 200 нафар табибони дорои маълумоти олӣ дар хизмати халқ қарор доранд - 16.08.2019 16:20
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ширкати “Neusoft Medical Corporation”-и Ҷумҳурии мардумии Чин - 16.08.2019 16:06
Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори рӯзи кормандони тиб - 16.08.2019 15:45
Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони роҳи оҳан - 16.08.2019 15:40
Конибодом. 114 километр роҳ аз таъмири ҷорӣ ва 6,2 километр аз таъмири асосӣ бароварда шуд - 16.08.2019 10:14
Нақшаи кишти такрорӣ дар вилояти Суғд иҷро гардид - 16.08.2019 09:59

Мусобиқаи вилоятӣ оид ба бокс барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд оғоз ёфт

( 0 Овоз )

14-уми май дар варзишгоҳи «Спартак» - и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба бокс байни ҷавонони соли таваллудашон 2001-2002 барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд оғоз ёфт.

Дар мусобиқаи мазкур, ки тӯли чор рӯз идома меёбад, варзишгарон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қазоқистону Қирғизистон барои ғолибият миёни ҳам қувваозмоӣ мекунанд.

Тибқи иттилои мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Фирдавс Фахриддинзода мақсад аз баргузории мусобиқа пеш аз ҳама ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, дарёфти истеъдодҳои нав, шиносоӣ ва ҳамкорӣ бо варзишгарони кишварҳои бо мо дӯсту бародар буда,​ дар рӯзҳои баргузории мусобиқа беш аз 100 варзишгар бо ҳам сабқат хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси роҳбарияти вилоят ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва як моҳи ҷавонӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд аз рӯи намудҳои тенниси рӯи миз, футбол, шоҳмот, бокс, гӯштини камарбандӣ, гӯштини миллӣ, гӯштини тарзи озод, волейбол, камонварӣ, дастхобонӣ, велосипедронӣ, баскетбол, шиноварӣ ва тирпаронӣ мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуда истодааст.​

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мусобиқаи вилоятӣ оид ба бокс барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд оғоз ёфт