Хабарҳо
Ба Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят мошини хизматии "Мercedes Sprinter" тақдим шуд - 26.06.2019 09:54
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдони марказии ноҳияи Лахшро бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва Нишони давлатӣ ифтитоҳ карданд - 26.06.2019 07:56
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд - 26.06.2019 07:51
Маҷмааи истироҳатию фароғатии соҳили чапи дарёи Сир ба фаъолият оғоз кард - 25.06.2019 17:19
Оғози сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанд - 25.06.2019 16:40
Маросими ифтитоҳи навбати дуюми корхонаи «Норд Азия Металл» - 25.06.2019 07:41
Ифтитоҳи сехи истеҳсоли мағз ва бандубасти хушкмеваҳо дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен ​ - 25.06.2019 08:14
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии “Фаридаи Тағояк” - 25.06.2019 09:53
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди гармхонаи гидропоникӣ-инноватсионӣ дар ноҳияи Спитамен - 25.06.2019 09:56
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар ноҳияи Спитамен - 25.06.2019 13:42

Дар Хуҷанд даври шаҳрии озмуни «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» доир шуд

( 0 Овоз )

Дар Муассисаи давлатии «Кохи фарҳангии Суғдиён» -и маркази вилоят даври шаҳрии озмуни «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» баргузор гардид.

Дар озмун иштирокчиён маҳсулоти дастии худро аз қабили армуғонҳо, кордҳо, гулдонҳо, олоти меҳнатӣ ва дастгоҳҳои ҳунармандӣ ба намоиш гузоштанд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи аслии гузаронидани озмун тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, оммавӣ гардонидани усулҳои беҳтарини ҳунарҳои мисгарӣ ва оҳангарӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои ҳунари мисгари ва оҳангарӣ, арҷгузорӣ ба заҳмати ҳунармандон, муаррифии васеъи маҳсули ҳунармадон ба мардум ва ғайраҳо мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд минбаъд низ, барои рушд додани соҳаи сайёҳӣ тамоми имкониятҳоро истифода хоҳад бурд.

Озмун натиҷагирӣ карда шуд ва ҷойи якумро Шарифҷон Самадов, ҷои дуюмро Собитхўҷа Нормаҳмадов ва ҷои сеюмро Абдусамад Раҳматов соҳиб шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Хуҷанд даври шаҳрии озмуни «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» доир шуд