Хабарҳо
информацию о командующем спецслужбой Ирана - 06.12.2019 20:53
Амрико мегӯяд, дар эътирозҳои Эрон шояд то 1000 тан ҷон бохтанд - 06.12.2019 20:00
Ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият вазифаи ҳар шахси ватандӯст аст ​ - 06.12.2019 13:23
“Воҳиди таъиноти махсуси милитсия сипари ҷомеа аст” – бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии воҳиди таъиноти махсус - 06.12.2019 09:51
Ҳуқуқу уҳдадориҳои интихобкунандагон - мавзӯи суҳбати аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ноҳияи Айнӣ - 06.12.2019 09:46
5500-солагии Саразми бостонӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО ворид гардид - 06.12.2019 09:43
Дар Суғд истеҳсоли телевизор ва яхдон ба роҳ монда мешавад ​ - 05.12.2019 16:01
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи коркарди сабзавот ва меваи “Хуҷандагро” - 05.12.2019 15:52
Дар маркази шаҳри Хуҷанд насби арчаи солинавӣ оғоз ёфт - 05.12.2019 14:03
Баргузории даври шаҳрии озмуни “Шириниҳои миллӣ ва муосир” дар Бӯстон - 05.12.2019 10:01

Гулистон. Масъулин Тошбибӣ Аҳмадоваи 102 соларо аёдат намуданд

( 0 Овоз )

Бо ҳидоятҳои раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон дар самти дастгирии қишри калонсоли ҷомеа ва собиқадорони меҳнат тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, чанде қабл масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва Ҷамоати шаҳраки Консой дар арафаи Рӯзи байналмилалии оила сокини 102 солаи шаҳраки Консой – Тошбибӣ Аҳмадоваро аёдат намуда, бо ин шахси табаррук мулоқот доир намуданд.

Зикр бояд кард, ки очаи Тошбибӣ соҳиби чор фарзанд, 27 набера ва 18 абера мебошад. Фарзандону наберагонаш дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ифои вазифа доранд. Ҳамзамон, мавсуф беш аз 35 сол собиқаи корӣ дошта, дар кони маъдани шаҳрак  (ҳоло корхонаи муштараки «Апрелевка») софдилона фаъолият бурдааст.

Зимни аёдат Тошбибӣ Аҳмадова шукронаи зиндагиву қисмат ва давлати соҳибистиқлол намуда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириву ғамхориҳои рӯзафзунашон миннатдорӣ баён намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Гулистон. Масъулин Тошбибӣ Аҳмадоваи 102 соларо аёдат намуданд