Хабарҳо
информацию о командующем спецслужбой Ирана - 06.12.2019 20:53
Амрико мегӯяд, дар эътирозҳои Эрон шояд то 1000 тан ҷон бохтанд - 06.12.2019 20:00
Ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият вазифаи ҳар шахси ватандӯст аст ​ - 06.12.2019 13:23
“Воҳиди таъиноти махсуси милитсия сипари ҷомеа аст” – бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии воҳиди таъиноти махсус - 06.12.2019 09:51
Ҳуқуқу уҳдадориҳои интихобкунандагон - мавзӯи суҳбати аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ноҳияи Айнӣ - 06.12.2019 09:46
5500-солагии Саразми бостонӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО ворид гардид - 06.12.2019 09:43
Дар Суғд истеҳсоли телевизор ва яхдон ба роҳ монда мешавад ​ - 05.12.2019 16:01
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи коркарди сабзавот ва меваи “Хуҷандагро” - 05.12.2019 15:52
Дар маркази шаҳри Хуҷанд насби арчаи солинавӣ оғоз ёфт - 05.12.2019 14:03
Баргузории даври шаҳрии озмуни “Шириниҳои миллӣ ва муосир” дар Бӯстон - 05.12.2019 10:01

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рўзи байналмилалии оила

( 0 Овоз )

Фарорасии Рўзи оиларо ба ҳамаи Шумо, сокинони шарафманди вилоят, самимона таҳният мегўям ва таманно мекунам, ки ҳамеша саодати хонаводагӣ, хушбахтиву хушрўзиҳо дар оила насибатон гардад.

Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Оила мактаби аввалинест, ки инсон дар он тарбият мегирад, донишу малакаи рўзгордориро аз худ мекунад, ҳамзистӣ бо атрофиёнро меомўзад ва ҳамчунин фарзандон ҳамарўза дар ин дабистоне, ки омўзгоронаш падару модар мебошанд, таълим мегиранд. Мавқеи оила дар инкишофи минбаъдаи шахсият назаррас мебошад. Агар ҳар як оила ахлоқан мустаҳкам бошад, ҳамон қадар дар ҷамъият мустаҳкамӣ ва ахлоқи баланди инсонӣ ҳукмфармо мегардад. Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди мақоми оила дар тарбияи фарзанд таъкид доштаанд: “Таърих гувоҳ аст, ки аз қадимулайём мардуми соҳибтамаддуни мо ба тарбияи фарзанд аҳамияти хоса зоҳир намуда, барои дар рўҳияи ватандўстиву хештаншиносӣ, донишомўзиву маърифатпарварӣ ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзанди худ ҳамеша кўшиш мекард. Хусусан, ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар аввалин сарчашмаест, ки дар зеҳну шуури кўдак нақши ҳамешагӣ пайдо мекунад”.

Айни замон, Ҳукумати кишвар барои давра ба давра беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини зиндагонии шоистаи мардум, аз ҷумла фароҳам овардани муҳити хуби иҷтимоии оилаҳои ҷавон тадбирҳо андешида, барои равнақи созандагӣ ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ заминаи устувор фароҳам меоварад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо истиқбол аз ин иқдомоти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонниз ҷиҳати таҳкими оила, бахусус оилаҳои ҷавон, тарѓибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, сафарбарии аҳли ҷомеа ба бунёдкорию созандагӣ, ҳамасола тадбирҳои мушаххас меандешад.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Барномаи давлатии “Пешгирии зўроварӣ дар оила” ҷиҳати беҳтар намудани вазъи некўаҳволии оилаҳо амал мекунанд, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, мақсад аз қабули онҳо ба масъулияти бештар ҷалб намудани волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон, баланд бардоштани сатҳу сифати саводнокӣ ва тарбияи онҳо дар рўҳияи ватанпарастӣ, худогоҳии миллӣ ва пешгирии харҷи беҳудаю танзими ҷашну маросим мебошад.

Аз ин лиҳоз, мақоми оила дар ташаккули насли созанда ва бунёдкор назаррас буда, аз бисёр ҷиҳат ба тарбияи хонаводагӣ сахт алоқаманд мебошад. Итминони комил дорам, ки падару модарони мо бо дарки ҳамин масъулият ҷиҳати тарбия ва ба воя расонидани фарзандони хештаншиносу худогоҳ ва ватандўст бештар кўшиш менамоянд.

Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар кулли мардуми шарафманди вилоятро бо фарорасии Рўзи оила табрику муборакбод менамоям.

Бигузор аз нури чеҳра ва муҳаббати поки занону модарони азиз  ва матонату иродаи қавии падарони бузургвор, роҳи ҳаёти имрўзу фардои ҳар оила мунаввар ва маҷмўан тамоми ҷомеаи мо нурониву гарм ва лабрези меҳру муҳаббат бимонад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рўзи байналмилалии оила