14 май дар тарабхонаи “Хушбахтӣ”-и шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии бошукуҳ доир гардид.
Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода нахуст кулли иштирокдорон ва ҳамшаҳриёнро бо фарорасии ин санаи хубу хотирмон таҳният гуфта, аз дастгириву пуштибониҳои давлату Ҳукумат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.
Гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ҷиҳати таҳким ва рушду камоли оилаҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи ҳаёти солим чораҳои мушаххас андешида, дар ин самт баҳри татбиқ намудани нақшаҳову барномаҳои миллӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст.
Дар чорабинӣ зиёда аз 8 оилаи намунавӣ ширкат варзида, оид ба беҳтарин анъанаҳои неки оилаву оиладорӣ ибрози назар намуданд. Барномаи рангини ҳунарии аҳли фарҳанги шаҳри Бӯстон ба чорабинӣ шаҳомати тоза бахшид.
Дар фарҷом ба як қатор оилаҳои намунавӣ, ҷавон ва ҳунармандон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд. Ҳамзамон дар ин рӯз ба як оилаи ҷавон, ки соҳиби тифли навзод гардидааст дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаи таваллуд тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила баргузории як қатор суҳбату мулоқотҳо, мизҳои мудаввар ва аксияву ҳамоишҳо бомаром ҷараён дорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд