Оғози мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд дар ноҳияи Мастчоҳ

( 0 Овоз )

Дар доираи чорабиниҳои марбут ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон имрӯз дар ноҳияи Мастчоҳ мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд баргузор гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, дар мусобиқаи мазкур наздик 100 нафар шоҳмотбозон иштирок доранд. Мусобиқа ду рӯз давом мекунад ва шоҳмотбозон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд миёни ҳам сабқат мекунанд.

Ёдовар бояд шуд, ки бо ташаббуси роҳбарияти вилоят ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва як моҳи ҷавонӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд аз рӯи намудҳои тенниси рӯи миз, футбол, шоҳмот, бокс, гӯштини камарбандӣ, гӯштини миллӣ, гӯштини тарзи озод, волейбол, камонварӣ, дастхобонӣ, велосипедронӣ, баскетбол, шиноварӣ, тирпаронӣ ва картинг мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуда истодааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share