Хабарҳо
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноат мулоқот намуданд - 14.10.2019 16:41
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 13.10.2019 09:42
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - 12.10.2019 08:36
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:28
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:26
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:25
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон - 11.10.2019 14:21
Рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ тасдиқ гардид - 11.10.2019 16:09

Cуғд: 285 мактаб, 101 муассисаву хоҷагӣ ва 1 ҳазору 45 кўча номи шаҳидону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро доранд

( 0 Овоз )

9 май дар саросари мамлакат Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945  ҷашн гирифта мешавад.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки  дар он миллионҳо нафар мардуми  шўравӣ қурбон гардид, ҳамчун набарди шадид ва муҳорибаи беамони халқҳои ватанпарвару озодихоҳ бар зидди фашизм дар таърихи башарият навишта мешавад. Дар ин муҳорибаи озодихоҳона, ки расо 1 ҳазору 418 шабонарўз идома дошт, дар қатори намояндагони кулли халқу миллатҳои Иттиҳоди шўравии собиқ, беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистони азиз, аз ҷумла 76 ҳазор нафар ҷавон-писарони Суғдзамини бостонӣ низ ҷангида, бо ҷонбозиҳои бемислу монанди хеш садоқати худро ба Ватан-Модар, инчунин бо корнома-ҳои шоёнашон аз авлод ва пайравони Деваштичу Спитамен, Муқаннаъ ва Темурмалики таҳамтану Восеи қаҳрамон буданашонро бори дигар ба ҷаҳониён нишон доданд.

Алҳол дар вилояти Суғд 73 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги ватанӣ ва 368 нафар собиқадорони ақибгоҳ зиндагӣ мекунанд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тибқи ҳидоятҳои инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоҳубину парасторӣ, расонидани кўмакҳои молиявӣ ва дигар ғамхориҳои иҷтимоиро нисбати онҳо қарзи муқаддас ва вазифаи асосии худ ҳисобида, дар ин самт ҳамаи чораҳои заруриро татбиқ намуда истодааст ва минбаъд низ ин амал идома меёбад.

Аз ҷумла, ба муносибати 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида, инчунин шахсоне, ки дар солҳои ҶБВ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва камаш шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, 704 000 сомонӣ кӯмакпулиҳои яквақта тақдим карда шуд.

Бо мақсади гиромидошти ҳамешагии хотираи онҳое, ки аз майдони набард барнагаштаанд ва қаҳрамононе, ки аз ҷароҳату захмҳои дар майдони ҳарб бардоштаашон дар диёри аҷдодӣ вафот кардаанд, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳоти вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд ва ҳифзи майдонҳои атрофи ёдгориву муҷассамаҳо ва лавҳаҳои хотиравӣ мавриди нигоҳубин ва назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот қарор доранд.

Мавриди зикр аст, ки алҳол дар вилоят 285 мактаб, 101 муассисаву хоҷагӣ ва 1 ҳазору 45 кўча номи шаҳидону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро доранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Cуғд: 285 мактаб, 101 муассисаву хоҷагӣ ва 1 ҳазору 45 кўча номи шаҳидону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро доранд