Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32
Ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманди вилоят 420 000 сомонӣ маблағҳои грантӣ тақдим карда шуд - 18.10.2019 15:22
Баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд - 18.10.2019 12:06
19 октябр бахшида ба Иди Меҳргон дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварӣ доир мешавад - 18.10.2019 11:02
Шиносоии хонандагони макотиби ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ бо шароити таҳсил дар ДДҲБСТ - 18.10.2019 10:40
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот намуданд - 17.10.2019 16:40
Ответ киргизским провокаторам: Бодканд наша таджикская земля - 17.10.2019 15:50
Кыргызско-таджикская граница. Каждое действие рождает противодействие - 17.10.2019 15:16

Барои дастгирии занони ҳунарманд ва эҷодкор 60 гранти Раиси вилоят ба маблағи умумии 420 000 сомонӣ таъсис ёфт

( 0 Овоз )

Бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 30 апрели соли 2019, №215 “Дар бораи ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2019” 60 грант таъсис дода шуд.

Грантҳои Раиси вилоят ба занони ҳунарманд, эҷодкор ва соҳибкорони инфиродӣ, ки лоиҳаи пешниҳоднамудаи онҳо ба рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманду эҷодкор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани фаъолнокии занон дар бахши иқтисодиёт, ба шуғл ва касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон нигаронида шудаанд, ҷудо карда мешаванд.

Дар соли равон 15 грант дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ, 15 грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ, 30 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, дар маҷмуъ 60 грант ба маблағи умумии 420 000 сомонӣ таъсис дода шуд.

Муҳлати татбиқи ҳар як лоиҳа на камтар аз шаш моҳ буда, хоҳишмандон метавонанд барои пешниҳоди лоиҳаҳо ба Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят муроҷиат намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Барои дастгирии занони ҳунарманд ва эҷодкор 60 гранти Раиси вилоят ба маблағи умумии 420 000 сомонӣ таъсис ёфт