Хабарҳо
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноат мулоқот намуданд - 14.10.2019 16:41
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 13.10.2019 09:42
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - 12.10.2019 08:36
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:28
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:26
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:25
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон - 11.10.2019 14:21
Рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ тасдиқ гардид - 11.10.2019 16:09

Дар шаҳри Гулистон ҷаласаҳои Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба стандартизатсия доир гардид

( 0 Овоз )

Бо ташаббуси Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/  ва дастгирии Агентии «Тоҷикстандарт» аз 30 апрел то 2 май дар шаҳри Гулистон  ҷаласаи 43-юми Комиссияи илмӣ-техникии аккредитатсия ва ҷаласаи 10-ум оид ба баргузории Созмони минтақавӣ дар самти аккредитатсия баргузор гардид.

Аз Агентии «Тоҷикстандарт» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа намояндагони Шӯрои байнидавлатӣ, мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» ва зерсохторҳои он иштирок намуданд. Сардори Раёсати баҳодиҳии мутобиқати Агентии «Тоҷикстандарт» Раҳмоншо Давлатзода доир ба мавқеи Тоҷикистон дар Шӯрои байнидавлатӣ ва комиссияҳои илмӣ-техникӣ оид ба баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсия сухан кард.

Инчунин муовини Раиси вилояти Суғд  Анвар Яъқубӣ зикр намуд, ки баргузории ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ барои Тоҷикистон хеле муҳим буда, дар татбиқи ҳадафи чоруми мамлакат -саноатикунонии кишвар ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, ҳамкорӣ бо ИДМ ва созмонҳо вобаста ба баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсия барои рушди иқтисодии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Намояндаи Шӯрои байнидавлатӣ, директори Бюро оид ба стандартҳо-котиби масъули Шӯро Владимир Черняк аз мақсаду мароми ҷаласаи навбатӣ ва  дастоварду камбудиҳо дар самти татбиқи қарору санадҳои Шӯрои байнидавлатӣ ибрози назар намуд.

Бояд зикр кард, ки ҳадафи баргузории ҷаласаҳои мазкур тартиби таклифу пешниҳодҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок барои ҳалли қарорҳои Шӯро дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсия, ташкили ҳамкории самараноки мақомоти миллӣ вобаста ба омода намудан ва такмили касбияти мутахассисон дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсия, инчунин такмили асосҳои регламентҳои техникӣ дар соҳаҳои номбурда мебошад.

Зикр гардид, ки барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони истеҳсолии аъзои Шӯро озмуни маҳсулоти беҳтарини ИДМ баргузор карда мешавад, ки ин барои пешрафти фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат мекунад.

Мусаллам аст, ки Шӯрои мазкур 12 кишвари ИДМ, назири Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Украина,  Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистонро дар худ муттаҳид менамояд. Дар Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия кумитаҳои илмӣ-техникӣ оид ба стандартизатсия, метрология, баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсия фаъолият доранд, ки Агентии «Тоҷикстандарт» аъзои ин кумитаҳо аст.

Ҷаласаҳои кумитаҳои техникӣ соле ду маротиба ва ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ ҳар сол як маротиба дар яке аз давлатҳои узви Шӯрои байнидавлатии ИДМ баргузор мегарданд. Ҳамзамон масъалаҳои марбут ба соҳаҳои стандартизатсия, метрология, баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсия, инчунин масоили аз байн бурдани монеаҳои техникӣ дар савдо ва ҳамкории соҳавӣ дар сатҳи байнидавлатӣ дар раванди кори ҷаласаҳо баррасӣ карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 аъзои Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар шаҳри Гулистон ҷаласаҳои Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба стандартизатсия доир гардид