Хабарҳо
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноат мулоқот намуданд - 14.10.2019 16:41
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 13.10.2019 09:42
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - 12.10.2019 08:36
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:28
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:26
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:25
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон - 11.10.2019 14:21
Рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ тасдиқ гардид - 11.10.2019 16:09

Оғози маъракаи қабули пилла дар Конибодом. Дар рӯзи аввал 1000 кг пилла ворид гардид

( 0 Овоз )

Рӯзи якуми май дар шаҳри Конибодом маъракаи қабули пилла оғоз ёфт ва дар рӯзи нахустин ба идораи "Пиллаи Конибодом" аз ҷониби кирмакпарварон 1000 кг пилла супорида шуд.

Ба муносибати қабули аввалин тоннаи пилла дар идораи пиллаи шаҳр ҷамъомад доир гардида, пешқадамон бо туҳфаҳои хотиравии роҳбарияти шаҳр сарфароз гардонида шуданд. Раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода зимни суҳбат бо кирмакпарварон ва шиносоӣ бо сифати пиллаи воридгардида иброз дошт, ки  пилла ашёи муҳими саноатии мамлакат маҳсуб меёбад ва ҷиҳати истеҳсоли он дар шаҳр корҳои назаррас ба анҷом расонида мешавад.

Бино ба иттилои масъулин дар рӯзи аввали қабул 60 нафар кирмакпарвар зиёда аз 1000 кг пилла супориданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Оғози маъракаи қабули пилла дар Конибодом. Дар рӯзи аввал 1000 кг пилла ворид гардид