Хабарҳо
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноат мулоқот намуданд - 14.10.2019 16:41
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 13.10.2019 09:42
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - 12.10.2019 08:36
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:28
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:26
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:25
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон - 11.10.2019 14:21
Рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ тасдиқ гардид - 11.10.2019 16:09

Дар Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич дар 30 гектар замини бекорхобида боғу тозкор бунёд намуданд

( 0 Овоз )

30 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва рафти бунёди иншооти муҳими хоҷагии халқ ба ноҳияи Деваштич сафар кард.

Имрӯзҳо сокинони меҳнатқарини ноҳияи Деваштич бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон софдилона меҳнат карда, барои бо дастовардҳои шоиста истиқбол гирифтани ҷашни таърихии миллат кӯшиш намуда истодаанд. Ба иттилои роҳбарияти ноҳия тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида то соли 2021 дар қаламрави ноҳия беш аз 300 иншооти гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор мегирад.

Бунёди дарвозаи рамзии ноҳия аз ҷумлаи чунин иншоотест, ки бо тарҳу ороиши хоса сохта мешавад. Дар аснои шиносоии Раиси вилоят бо лоиҳаи иншоот таъкид карда шуд, ки бо бунёди дарвозаи рамзӣ даромадгоҳи ноҳия ободу зебо гардонида хоҳад шуд. Раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо лоиҳа баҳри иҷрои босифати корҳо ва чароғонкунии даромадгоҳи ноҳия ба масъулин тавсияҳо дод.

Дар баробари сокинони касбу кори гуногун кишоварзони ноҳия низ саҳми хешро дар ободонии ноҳия гузошта, барои бунёди токзору боғҳои нав камари ҳиммат бастаанд. Зимни боздиди Раиси вилоят аз Ҷамоати деҳоти Яхтан иттилоъ дода шуд, ки саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Найман” баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ ва солиёни зиёд бекорхобида дар 27 гектар токзор ва дар 3 гектар боғи себу олу бунёд намуданд.

Ҳангоми боздид аз боғу токзори нав Раиси вилоят аз иқдоми саҳмдорони хоҷагӣ тавсиф карда, ҷиҳати истифодаи самарноки замин ва ба роҳ мондани кишти полезиҳо дар байни қатори ниҳолҳо дастуру супоришҳо дод.

Бояд гуфт, ки дар хоҷагии деҳқонии “Найман” 80 саҳмдор кор мекунанд ва хоҷагӣ дорои 140 гектар замин мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич дар 30 гектар замини бекорхобида боғу тозкор бунёд намуданд