Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқот намуданд - 17.07.2019 09:19
Суғд: Дар нимсолаи якуми соли равон 1429 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт - 16.07.2019 09:02
Мастчоҳ. Иҷроиши нақшаи андозҳо 102,8 фоиз таъмин гашт - 16.07.2019 08:45
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 - 16.07.2019 08:34
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Конибодом ба 149 млн. 519,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид - 15.07.2019 10:45
Ифтитоҳи Маркази савдои "Корвон-Плаза" дар шаҳри Бӯстон - 15.07.2019 10:33
Хуҷанд. Ба маблағи 93,3 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ содирот шуд - 15.07.2019 10:30
Дар шаҳри Бӯстон 43 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд - 12.07.2019 16:14
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи «Чашмаи Нуқра»-и ноҳияи Данғара дидан карданд - 12.07.2019 16:05
Ашт. Ба маблағи 93 млн. 382 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид - 12.07.2019 15:43

9 май дар вилояти Суғд Рӯзи Ғалаба ҷашн гирифта мешавад

( 0 Овоз )

Бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, посдории хотираи шаҳидон ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ рӯзи 9 майи соли равон дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 25 апрели соли 2019, №184 ба тасвиб расид.

Дар асоси қарори мазкур ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ тасдиқ гардида, шуъбаву раёсатҳои марбута ҷиҳати бошукуҳ ва хотирмон доир намудани тантанаҳои ҷашнӣ вазифадор гардидаанд.

Дар доираи таҷлили Рӯзи Ғалаба ташкили вохӯрию мулоқотҳо бо собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, аёдати иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ, гузаронидани озмуни иншои беҳтарин дар мавзуъҳои “Онҳо барои Ватан ҷангидаанд” ва “Ватани ман Тоҷикистон” дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва миёна, конфронси илмӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Иди Ғалаба, ҳашари ободонӣ дар оромгоҳҳо, таъмир ва обод намудани муҷассамаҳои шаҳидони ҷанг, баргузор намудани “Ҳафтаи поси хотир” ва дигар чорабиниҳо дар назар дошта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд 9 май дар вилояти Суғд Рӯзи Ғалаба ҷашн гирифта мешавад