Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқот намуданд - 17.07.2019 09:19
Суғд: Дар нимсолаи якуми соли равон 1429 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт - 16.07.2019 09:02
Мастчоҳ. Иҷроиши нақшаи андозҳо 102,8 фоиз таъмин гашт - 16.07.2019 08:45
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 - 16.07.2019 08:34
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Конибодом ба 149 млн. 519,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид - 15.07.2019 10:45
Ифтитоҳи Маркази савдои "Корвон-Плаза" дар шаҳри Бӯстон - 15.07.2019 10:33
Хуҷанд. Ба маблағи 93,3 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ содирот шуд - 15.07.2019 10:30
Дар шаҳри Бӯстон 43 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд - 12.07.2019 16:14
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи «Чашмаи Нуқра»-и ноҳияи Данғара дидан карданд - 12.07.2019 16:05
Ашт. Ба маблағи 93 млн. 382 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид - 12.07.2019 15:43

Ҷаласаи ҷамъбасти семоҳаи Раёсати кор бо занон ва оила

( 0 Овоз )

Чанде қабл масъулини Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо баргузории ҷамъомад аз фаъолияти семоҳаи раёсат натиҷагирӣ намуданд.

Ҷаласаи ҷамъбастӣ бо иштироки мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила, раисони Шӯрои занони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, раисони Шӯрои занону духтарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва дигар шахсони дахлдор доир гардид.

Тавре зикр карда шуд, ба тасвиб расидани Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», инчунин қабули Стратегия ва Барномаҳои давлатӣ марҳилаи тозаеро дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва бештар намудани ҷалби занон ба ҳаёти ҷамъиятӣ боз намуд.

Имрўз аз 1 миллиону 315,4 нафар занону духтарони вилоят 6733 нафарашонро занони роҳбарикунанда ва 1267 нафарашонро хизматчиёни давлатӣ ташкил медиҳанд.

Аз ҳисоби занони вилоят 1 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар занон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 нафар вакилони Маҷлиси халқи вилояти Суғд, 99 нафар ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва 543 нафар вакилони халқи ҷамоатҳо интихоб гардиданд, ки нисбат ба солҳои пешин зиёд мебошад.

Дар вилоят 6 нафар занон дорои унвони баланди Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, 236 қаҳрамонмодар, 561 нафар сазовори ордену медалҳо, 153 барандагони унвону ҷоизаҳои давлатӣ, 51 дорандаи “Медали шоиста”, 13 нафар докторони илм, 279 нафар номзадони илм, 139 нафар варзишгарони номдор мебошанд.

Дар ҷаласа оид ба рафти татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Барномаи давлатии «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2015-2020», Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 ва дигар санадҳо маълумот дода шуда, ҷиҳати тақвияти кори шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо супоришҳо дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҷаласаи ҷамъбасти семоҳаи Раёсати кор бо занон ва оила