Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқот намуданд - 17.07.2019 09:19
Суғд: Дар нимсолаи якуми соли равон 1429 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт - 16.07.2019 09:02
Мастчоҳ. Иҷроиши нақшаи андозҳо 102,8 фоиз таъмин гашт - 16.07.2019 08:45
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 - 16.07.2019 08:34
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Конибодом ба 149 млн. 519,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид - 15.07.2019 10:45
Ифтитоҳи Маркази савдои "Корвон-Плаза" дар шаҳри Бӯстон - 15.07.2019 10:33
Хуҷанд. Ба маблағи 93,3 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ содирот шуд - 15.07.2019 10:30
Дар шаҳри Бӯстон 43 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд - 12.07.2019 16:14
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи «Чашмаи Нуқра»-и ноҳияи Данғара дидан карданд - 12.07.2019 16:05
Ашт. Ба маблағи 93 млн. 382 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид - 12.07.2019 15:43

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Зафаробод

( 0 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Зафаробод бо вазъи кунунии Қасри фарҳанги шаҳраки Зафаробод шинос гардид.

Чуноне иттилоъ дода шуд, Қасри фарҳанг соли 1971 бунёд ёфта, толори он барои 487 ҷойи нишаст пешбинӣшуда буд. Масоҳати худи бино 3200 метри мураббаъ буда, дар маҷмуъ майдони гирду атроф ва пайраҳаҳо 0,90 гектарро дар бар мегирад. Бинои Қасри фарҳанг соли 2015 қисман таъмир гардида, айни замон таъмирталаб мебошад. Алҳол дар ин иншооти фарҳангӣ 12 нафар фаъолият дошта, 9 маҳфили гуногун амал менамояд. Дар бинои қаср бахши фарҳанг, китобхонаи марказӣ, китобхонаи бачагона, ансамбли шашмақомсароёни «Навои дил», ансамбли халқии тарона ва рақси «Зафар» ва осорхонаи таърихии ноҳия фаъолият мебаранд.

Раиси вилоят паз аз шиносоӣ бо вазъи кунунии Қасри фарҳанг ба сохтмончиёну лоиҳакашон дастур дод, ки лоиҳаи азнавсозии онро пешниҳод намоянд.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят дар Ҷамоати шаҳраки Зафаробод бо ҷараёни сохтмони кӯдакистони хусусӣ, ки аз ҷониби соҳибкор Шаҳло Кенҷаева бунёд гардида истодааст, ошно шуд. Кӯдакистон бо тарзу усули меъмории замонавӣ барои 100 нафар кўдак бо ташкил намудани 4 гурўҳ сохта мешавад. Майдони умумии кўдакистон 0,23 га буда, ба иттилои масъулин дар кӯдакистон барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ шароитҳо фароҳам оварда мешавад.

Сипас, Раиси вилоят аз Боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳия дидан намуда, бо лоиҳаи иншооти таҷдидшаванда шинос шуд. Чуноне таъкид гардид, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия азнавсозӣ карда шуда, ба макони воқеии истироҳату фароғати сокинон табдил дода мешавад.

Ба иттилои масъулин майдони умумии Боғи фароғатӣ - фарҳангии ноҳия 8,3 гектарро ташкил медиҳад. Боғи мазкур дар мувозинаи бахши фарҳанги ноҳия буда, барои нигоҳубин ва обёрӣ намудан ба хоҷагии манзилию комуналии ноҳияи Зафаробод вобаста карда шудааст. Дар боғи мазкур муҷассамаи фотеҳони Мирзочўл қомат афрохта, атрофи онро дарахтони ҳамешасабз ороиш медиҳад. Дар майдони боғ зиёда аз 730 адад дарахтони ороишӣ, сояафкан, ҳамешасабз ва мевадиҳанда мавҷуд аст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин дастур дод, ки корҳои сохтмону навсозиро бо сифату тарҳи муосир ба анҷом расонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Зафаробод