Хабарҳо
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноат мулоқот намуданд - 14.10.2019 16:41
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 13.10.2019 09:42
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - 12.10.2019 08:36
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:28
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:26
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:25
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон - 11.10.2019 14:21
Рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ тасдиқ гардид - 11.10.2019 16:09

Баргузории машқи мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда

( 0 Овоз )

Субҳи имрӯз бо эълони «Бонги хатар» дар майдони назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд машқи мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда оғоз ёфт.

Нахуст, раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода доир ба оғози машқ ба муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода гузориш дод.

Сипас, иштирокдорони машқи мукаммал ба сӯйи макони баргузории чорабинӣ маҳаллаи Чашмаи Арзана ҳаракат намуданд.

Дар бинои таълимии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон донишҷӯёну устодон фаъолияти худро дар сурати ба амал омадани заминларзаи 6-7 балла ба маърази тамошо гузоштанд. Ҳамзамон сохторҳои гуногуни ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи шаҳрӣ ҳангоми ба амал омадани заминларза нишон дода шуд.

Сипас, иштирокдорони машқи мукаммал аз хаймаҳои наҷотдиҳӣ, ки дар бозори «Деҳқон»-и шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуда буд, боздид намуданд. Дар бозори мазкур хаймаҳои гуногуни наҷотдиҳӣ ташкил гардида, ба "осебдидагон" ёрии тиббӣ ва анвои хӯрока муҳайё намуданд.

Дар комбинати шири шаҳри Хуҷанд доир ба бартараф намудани "сӯхтори баамаломада", наҷотбахшии зарардидагони моддаҳои кимёвӣ, дастгир намудани ҷинояткорон амалиётҳо сурат гирифт.

Ёдовар бояд шуд,ки чорабинии мазкур тибқи нақшаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон

гузаронида шуда, дар рафти он масъалаҳои омодагии қувва ва воситаҳои зернизоми Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда,ба монанди омадани сел, фаромадани ярч, шамоли сахт, заминларза ва эвакуатсияи аҳолӣ баррасӣ гашт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории машқи мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда