Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқот намуданд - 17.07.2019 09:19
Суғд: Дар нимсолаи якуми соли равон 1429 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт - 16.07.2019 09:02
Мастчоҳ. Иҷроиши нақшаи андозҳо 102,8 фоиз таъмин гашт - 16.07.2019 08:45
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 - 16.07.2019 08:34
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Конибодом ба 149 млн. 519,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид - 15.07.2019 10:45
Ифтитоҳи Маркази савдои "Корвон-Плаза" дар шаҳри Бӯстон - 15.07.2019 10:33
Хуҷанд. Ба маблағи 93,3 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ содирот шуд - 15.07.2019 10:30
Дар шаҳри Бӯстон 43 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд - 12.07.2019 16:14
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи «Чашмаи Нуқра»-и ноҳияи Данғара дидан карданд - 12.07.2019 16:05
Ашт. Ба маблағи 93 млн. 382 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид - 12.07.2019 15:43

Гузориш аз ҷои воқеа: "Вақте даъватшаванда Анӯшервон Шомирсаидов бо ҳисси баланди ватандорӣ сухан меронд..."

( 0 Овоз )

18 апрел гуруҳи 14 нафараи ҷавонон аз Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара барои адои қарзи шаҳрвандӣ ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд. Иқбол Тешаев, сухангӯи шаҳрдори Исфара, ки дар ҷамъомади тантанавии гусели даъватшавандагон иштирок дошт, аз Ҷамоати деҳоти Ворух чунин гузориш дод:​

Рӯзи гузашта мо шоҳиди сафарбарнамоии боз 14 тан ҷавонмардони баору номуси диёр ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон будем.

Вақте даъватшаванда Анӯшервон Шомирсаидов тавассути баландгӯяк бо ҳисси баланди ватандорӣ сухан меронд, мо – аҳли ҷамъомад ҳама дар ғояти эҳсос қарор доштем.

Вақте модарони аскарбачаҳои оянда ҳамчун рамзи меҳрпайвандӣ, бо пайгирӣ аз анъанаҳои дерин ба аскарбачагони оянда луқмаи нон газониданд, то шаҳписаронашон хидмати Модар-Ватанро сарбаландона ба ҷо оварда, сиҳатманду сарбаланд ба зодгоҳашон баргарданд, модарони бузургворро сидқан аҳсант хондаву ба ифтихори онон кафкӯбӣ кардем….

Ба ин маънӣ, иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара саривақту комилан таъмин мегардад.

Дар натиҷаи роҳандозии дурусту муассири корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мафкуравӣ аз ҷониби гуруҳҳои таблиғотию ташвиқотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара, вакилони Маҷлиси шаҳрӣ ва ҷамоат, фаъолону зиёиёни шаҳру деҳоти Ворух субҳи имрӯз дар деҳаи баландкӯҳи Ворух ба муносибати гусели гурӯҳи 14 нафараи ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманди диёр, ки ихтиёран, бо амри дилу виҷдон азми хизмати Модар - Ватан кардаанд, ҷамъомади ботантана баргузор гардида, онҳо ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд.

Тавре раиси Ҷамоати деҳоти Ворух Меҳринисо Раҳматова зимни суҳанони муборакбодии хеш иброз дошт, то ба санаи 17 апрели соли равон 22 нафар ҷавонмардони далеру шуҷоъ ба адои хизмати фарзандӣ ба сафм Артиши миллӣ сафарбар гардида буданд.

Инак, санаи 18 апрел боз як ҳайати 14 нафараи ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманди диёр бо ихтиёри худ ва бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ, ҳисси баланди меҳанпарастӣ азми хизмат ба Ватан ва ҳифзу ҳимояи марзу буми ин сарзамин намуданд.

Муовини директори Литсейи №3 Раҳимов Меҳровар, хизматчиёни ҳарбии ба рухсатӣ батозагӣ ҷавобдодашуда Низомов Куҳзод, Масруров Бадал, даъватшаванда Фаридун Шомирсаидов, собиқадори меҳнат Бобоаҳмади Аҳмадзод,имомхатиби масҷиди ҷомеаи Ворух Суннатов Муқомиддин ва дигарон бо баробари изҳори сипос ва таманниёти нек ба наваскарон, хизмат ба Ватан – Модарро рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ арзёбӣ карданд ва аз таваҷҷўҳи роҳбарияти мамлакат бобати муҳайё намудани шароитҳои хуби хизмати ҳарбӣ ва зисти сарбозону афсарон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ёдовар шуданд.

Ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ омадани ҷавонони деҳа падидаи сурурбахш буда, шаҳодати он аст, ки ҷавонони мо баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодии хеш, таҳкиму сулҳу осоиштагӣ ва дастгирии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаматарафа омодаанд.

Дар фарҷом ширкатдорони чорабинӣ модарони даъватшудагон ҳамчун рамзи меҳрпайвандӣ, бо пайгирӣ аз анъанаҳои дерин ба аскарбачагони оянда луқмаи нон газониданд, то шаҳписаронашон хидмати Модар-Ватанро сарбаландона ба ҷо оварда, сиҳатманду сарбаланд ба зодгоҳашон баргарданд, мўйсафедони барнодил ба наваскарон роҳи сафед хостанд, дар адои рисолати ҷавонмардиашон бурдбориву муваффақият таманно намуданд.

Барномаи рангини фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза зам намуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Гузориш аз ҷои воқеа: "Вақте даъватшаванда Анӯшервон Шомирсаидов бо ҳисси баланди ватандорӣ сухан меронд..."