Хабарҳо
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноат мулоқот намуданд - 14.10.2019 16:41
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 13.10.2019 09:42
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - 12.10.2019 08:36
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:28
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:26
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:25
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон - 11.10.2019 14:21
Рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ тасдиқ гардид - 11.10.2019 16:09

Тақвияти ҳамкориҳо миёни соҳибкорони вилояти Суғд ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар самти содироти маҳсулот

( 1 Овоз )

Соҳибкорони вилояти Суғд бо истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дидору гуфтугӯ намуда, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.

Ин вохӯрӣ 16 апрел дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд доир шуд ва тибқи иттилои Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳаммедҷонов зимни дидор ҷонибҳо оид ба тақвияти ҳамкориҳо дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёз ба Россияву Қазоқистон мубодилаи афкор намуданд.

Муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Зоҳирзода Умед Тоир ҳангоми гуфтушунид таъкид кард, ки имрӯзҳо дар вилоят ҳосили пиёзи баҳорӣ пухта расидааст ва аллакай ба бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Ба гуфти номбруда ҳосили пиёзи имсола дар Хатлон хеле фаровон мебошад ва кишоварзони вилояти Хатлон имкон доранд беш аз 300 000 тонна пиёзро содирот намоянд.

Дар вохӯрӣ Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳаммедҷонов аз соҳибкорони вилояти Суғд, ки ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд, даъват намуд, ки барои ба бозорҳои хориҷи кишвар баровардани маҳсулоти кишоварзӣ бо доираҳои соҳибкориву кишоварзии вилояти Хатлон ҳамкории самаранокро ба роҳ монанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Тақвияти ҳамкориҳо миёни соҳибкорони вилояти Суғд ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар самти содироти маҳсулот