Хабарҳо
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноат мулоқот намуданд - 14.10.2019 16:41
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 13.10.2019 09:42
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - 12.10.2019 08:36
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:28
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:26
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:25
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон - 11.10.2019 14:21
Рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ тасдиқ гардид - 11.10.2019 16:09

Қадршиносии ғолибони Фестивал-озмуни ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» дар Конибодом

( 0 Овоз )

Дар Конибодом даври шаҳрии Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» баргузор гардид.

Дар Фестивал-озмун ҳунармандон аз шаҳру деҳот фаъолона ширкат варзида, намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои дастиро манзури ҳайати ҳакамон ва меҳмонон гардониданд. Озмун дар чор бахш сурат гирифта, дар бахши «Беҳтарин таоми миллӣ ва нону шириниҳо» Матлюба Собирова, дар бахши “Беҳтарин ҳунарҳои мардумӣ бо истифода аз матоъ ва пашму пӯст” Барно Ҳисомова, дар бахши «Беҳтарин ҳунари мардумӣ бо истифода аз чӯб ва гилу гаҷ» Бахтиёр Эркаев, дар бахши «Беҳтарин ҳунари мардумӣ бо истифода аз санг ва оҳан” Абдуманнон Ҳомидов ғолиб дониста шуданд.

Ба ғолибон диплому туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим гардид. Инчунин, ба роҳбарияти 6 ҷамоати деҳот барои пешниҳоди намунаҳои мухталифи ҳунарҳои мардумӣ ва иштироки фаъолона сипосномахо ва ба як гуруҳ ҳунармандон туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки Фестивали вилоятии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Ҳунар беҳтар аз зар бувад” бомақсади эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида ва бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” гузаронида шуда, ба ғолибони даври вилоятӣ дар ҳаҷми 1000, 2000 ва 3000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Қадршиносии ғолибони Фестивал-озмуни ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» дар Конибодом