Хабарҳо
Зафаробод. Тавассути пойгоҳҳои обкашӣ 32 000 гектар замин обёрӣ мешавад - 22.07.2019 14:52
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 22.07.2019 14:57
Суғд: Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон озмуни вилоятии "Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин" гузаронида мешавад - 22.07.2019 10:52
Таъсиси 6 ширкати сайёҳӣ ва 20 хатсайри нав дар Суғд - 22.07.2019 08:28
Барои беҳтарсозии ҳолати мелиоративии заминҳо 5,4 млн. сомонӣ равона гардид - 22.07.2019 08:26
Нашри китоби "Асосҳои давлат ва давлатдорӣ аз назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон" - 22.07.2019 08:22
Нишасти 174-умини маҳфили “Ганҷи сухан” дар Ҷамоати деҳоти Ворух сурат гирифт - 19.07.2019 12:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 19.07.2019 12:51
Суғд: Бо харҷи беш аз 10 млн. сомонӣ 42 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд - 19.07.2019 11:27
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бунёду азнавсозии беш аз 90 иншооти соҳаи тандурустӣ ба итмом расонида шуд - 19.07.2019 11:04

Исфара. Вобаста ба масъалаи мубориза алайҳи паҳншавии бемориҳои хавфноки сироятӣ конфронси илмӣ доир шуд

( 0 Овоз )

Дар Беморхонаи марказии шаҳри Исфара бо ширкати беш аз 50 нафар духтурони сироятшиноси вилояти Суғд ва 30 нафар пизишкони соҳаҳои дигар вобаста ба масъалаи мубориза алайҳи паҳншавии бемориҳои хавфноки сироятӣ конфронси илмӣ баргузор гардид.

Сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Исфара Таибиддин Муҳаммедов дар конфронс оид ба раванди тадбирандешиҳо ҷиҳати таҳкими пояҳои моддиву техникии муассисаҳои тандурустӣ дар шаҳру деҳоти Исфара гузориш дода, бо ёдоварӣ аз нуктаҳои марбутаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26-уми декабри соли 2018) баландбардории сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, мубориза алайҳи паҳншавии бемориҳои сироятиро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти кормандони соҳаи ҳифзи сиҳатии омма арзёбӣ намуд.

Сипас, дар назди ҳозирин сарвари Ҷамъияти сироятшиносони вилояти Суғд Баҳодур Муъминов ва собиқ сардухтури Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе Саймуъмин Талабов баромад намуда, аҳдофи баргузории конфронси мазкур ва хавфу хатари ҷиддии бемориҳои сироятиро ба ҷомеа дар такя ба далелҳои дақиқу муътамад тазаккур доданд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки алъон дар дунё теъдоди нафарони мубталои бемориҳои гепатити "В" ва "С" тадриҷан афзуда истодааст. Мувофиқ ба маълумоти оморӣ имрӯз дар ҷаҳон 1, 2 миллиард нафар гирифторони гепатити "В" ва 800 миллион нафар мубталоёни гепатити "С" ба қайд гирифта шудаанд ва ҳамарӯза аз оризаҳои бемориҳои мазкур нишондиҳандаи маъюбшавӣ ва фавти одамон зиёд мешавад.

Минбаъд, дар робита бо паҳлуҳои мухталифи масъала сармутахассиси шуъбаи сироятшиносии беморхонаи вилоятӣ Шариф Раҷабов, собиқ мудири шуъбаи сироятшиносии калонсолони беморхонаи марказии шаҳр Абдухаллоқ Абдуллоев, мудири шуъбаи сироятшиносии бачагона Абдуваққос Қамбаров, табиби шуъбаи сироятшиносии бачагона Шодрӯз Сангинов ва табибони беморхонаи вилоятии сироятшиносӣ М. Пӯлодова ва С. Собиров маърӯза намуда, бо баробари пеш овардани маълумот аз натиҷаи муоина, назорат, таҷриба, таҳлил ва таҳқиқи беморон, оид ба роҳҳои пешгирӣ, ва муолиҷаи касалиҳои сироятӣ, хоса бемориҳои тавассути хун сирояткунанда андешаҳояшонро баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Исфара. Вобаста ба масъалаи мубориза алайҳи паҳншавии бемориҳои хавфноки сироятӣ конфронси илмӣ доир шуд