Хабарҳо
Дар гузаргоҳҳои сарҳадии «Фотеҳобод»-и ноҳияи Мастчоҳ ва «Саразм»-и шаҳри Панҷакент нуқтаҳои нави хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ ба истифода дода шуд - 22.11.2019 11:00
«Муҳоҷират ва сирояти Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)» - баргузории мизи мудаввар дар Истаравшан - 22.11.2019 10:55
Дар нишасти 177-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” аз Абдулманнон Насриддин ёдоварӣ карданд - 22.11.2019 10:44
ТОҶИКИСТОН ДУЮМИН КИШВАРИ АМНТАРИНИ ҶАҲОН ДОНИСТА ШУД! Пажӯҳиши Маркази таҳлилии амрикоӣ Gallup - 22.11.2019 10:33
Дар доираи ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» ба 10 нафар кӯдакони маъюб туҳфаҳо тақдим шуд - 22.11.2019 08:49
Оғози даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” - 21.11.2019 16:19
Қадршиносии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона» - 21.11.2019 15:29
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд - 21.11.2019 14:54
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҲНИ-ро комилан ташкилоти террористӣ эътироф кардааст - 21.11.2019 14:54
International Community Unconditionally Recognizes the IRP as a Terrorist - 21.11.2019 14:50

Хуҷанд: Бахшида ба 30-солагии Истиқлолият 163 иншоот бо маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади сазовору шоиста таҷлил намудани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида шуда, то имрӯз беш аз 163 иншооти гуногуни хоҷагии халқ ба маблағи 416 миллиону 218 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ бо дарназардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо аз 341 банд тасдиқ гардидааст, ки дар он ба ғайр аз гузаронидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳои кӯчаву хиёбонҳо ва маҳаллаҳои шаҳр, инчунин сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, нақшаи чорабинии мазкур бунёди як қатор корхонаҳо ва коргоҳҳои истеҳсолию саноатӣ, сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна ва маъмурию хизматӣ, сохтмони ҳаммом, чойхона, толори ҳусн, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайраҳоро дарбар гирифтааст, ки дар давраи аз соли 2018 то соли 2021 сохта ба истифода дода мешаванд.

Дар давоми соли 2018 дар маҷмўъ 48 банди нақшаи чорабинии мазкур бо харҷи беш аз 323 миллиону 910 ҳазор сомонӣ бо дарназардошти татбиқи лоиҳаи нақлиёти мусофиркашонӣ ва ба истифода додани беш аз 69 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ, савдою хизматрасонӣ амалӣ гардонида шуд.

Дар семоҳаи аввали соли 2019 беш аз 94 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ ба маблағи умумии беш аз 92 миллиону 308 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд.

Дар маҷмуъ, давоми соли 2018 ва семоҳаи якуми соли равон беш аз 163 иншооти гуногуни соҳаи хоҷагии халқ ба маблағи 416 миллиону 218 ҳазор сомонӣ бо таъсиси зиёда аз 900 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хуҷанд: Бахшида ба 30-солагии Истиқлолият 163 иншоот бо маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт