Хабарҳо
Дар гузаргоҳҳои сарҳадии «Фотеҳобод»-и ноҳияи Мастчоҳ ва «Саразм»-и шаҳри Панҷакент нуқтаҳои нави хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ ба истифода дода шуд - 22.11.2019 11:00
«Муҳоҷират ва сирояти Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)» - баргузории мизи мудаввар дар Истаравшан - 22.11.2019 10:55
Дар нишасти 177-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” аз Абдулманнон Насриддин ёдоварӣ карданд - 22.11.2019 10:44
ТОҶИКИСТОН ДУЮМИН КИШВАРИ АМНТАРИНИ ҶАҲОН ДОНИСТА ШУД! Пажӯҳиши Маркази таҳлилии амрикоӣ Gallup - 22.11.2019 10:33
Дар доираи ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» ба 10 нафар кӯдакони маъюб туҳфаҳо тақдим шуд - 22.11.2019 08:49
Оғози даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” - 21.11.2019 16:19
Қадршиносии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона» - 21.11.2019 15:29
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд - 21.11.2019 14:54
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҲНИ-ро комилан ташкилоти террористӣ эътироф кардааст - 21.11.2019 14:54
International Community Unconditionally Recognizes the IRP as a Terrorist - 21.11.2019 14:50

Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба маблағи 783 миллиону 493,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд

( 0 Овоз )

10 апрел дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо иштироки роҳбарияти шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссари ҳарбӣ, раёсати молия, нозироти андоз, роҳбарони корхона, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, раисони маҳаллаҳо, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ маҷлиси фаъолон баргузор гардид.

Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Гулистон дар давоми се моҳи аввали соли 2019 ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи арзандаи ҷашни бузурги умумимиллӣ - сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Гулистон дар давоми се моҳи аввали соли 2019 мудири шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Маҳбубахон Шодизода маърӯза намуд. Қайд карда шуд, ки дар давоми семоҳаи аввали соли 2019 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 39,4 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 101,3 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет зиёда аз 501 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 11,4 миллион сомонӣ ё 106,9 фоиз ба иҷро расонида шуда, зиёда аз нақша 737 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуд. Дар ин давра иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ бо дарназардошти хароҷот 11 миллиону 120,5 ҳазор сомонӣ иҷро гашт, ки баробар ба 100,9% мебошад.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми семоҳаи аввали соли равон ба маблағи 783 миллиону 493,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 102,3 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба маблағи 17,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 28,7 фоизро ташкил дод. Дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 74 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд.

Дар давоми моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ ба иқтисодиёти шаҳр 14, 9 миллион сомонӣ сармоягузориҳои мустақим ҷалб гардидаанд. Аз он 2, 9 миллион сомонӣ сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ва 12, 0 миллион сомонӣ сармоягузориҳои дохилӣ мебошад.

Дар маҷмӯъ дар тӯли се моҳи соли ҷорӣ дар минтақаи истироҳатии шаҳр 6824 нафар истироҳат намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи истироҳаткунандагон 312 нафар зиёд мебошад. Ҳаҷми маблағи воридшуда дар семоҳи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 7 миллиону 415,3 ҳазор сомониро ташкил дод, ки аз он 1 миллиону 509,9 ҳазор сомонӣ ба туризми хориҷӣ рост меояд. Дар маърӯза инчунин дигар паҳлӯҳои соҳаҳои хоҷагии халқ мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода доир ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, вазъи иҷрои нақшаи андоз ва буҷети маҳаллӣ, пардохти музди маош ва истифодаи қувваи барқ, раванди даъвати баҳорона, масъалаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибтахассус, ҷалби духтурони соҳибихтисос, ҳолати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо, натиҷаҳои баргузории чорабиниҳои варзишии шаҳрӣ, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ дар байни варзишгарони ҷамоати шаҳракҳо, вусъати корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ пурсиш ба амал овард.

Доир ба масъалаи дуюми ҷаласаи фаъолон дар бораи рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Илҳом Мадализода суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки тибқи нақша дар давоми соли 2018 ва семоҳаи якуми соли равон дар ҳудуди маркази шаҳр ва шаҳракҳои тобеи Гулистон 90 иншооти ҷашнӣ ба маблағи 259 миллиону 552 ҳазор сомонӣ сохтмон, бунёд, тармим ва азнавсозӣ гардидааст.

Дар кори ҷаласаи фаъолони шаҳр роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Шарифҷон Ахмедов низ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба маблағи 783 миллиону 493,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд