Хабарҳо
Раиси вилоят роҳбарияти корхонаи мошинбарории “Белл”-ро ба ҳузур пазируфт - 22.04.2019 16:18
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 22.04.2019 15:31
Машқҳои мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ҷамъбаст шуд - 22.04.2019 14:33
Ғолибони Фестивали вилоятииҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» муайян шуданд ​ - 22.04.2019 13:45
Фестивали вилоятии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» /АКСҲО/ - 22.04.2019 13:20
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони расонаҳои иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоҳиба анҷом доданд - 22.04.2019 13:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Амфитеатри Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсиро ифтитоҳ намуданд - 22.04.2019 13:03
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои навсозии «Комбинати орди Душанбе» оғоз бахшиданд - 22.04.2019 12:11
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-ро ифтитоҳ намуданд - 22.04.2019 11:58
Баргузории машқи мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда - 19.04.2019 17:05

Хонандагони мактабҳои вилоят дар Олимпиадаҳои номӣ ва даставӣ ҷойҳои якум ва дуюмро соҳиб шуданд

( 0 Овоз )

Рӯзҳои 6 ва 7 апрели соли 2019 дар Мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи даставӣ ва Олимпиадаи номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баргузор гардид, ки дар он хонандагони мактабҳои вилояти Суғд низ иштирок намуданд.

Олимпиадаи даставии хонандагон аз ёздаҳ фанни таълимӣ - забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, таърих, ҳуқуқ, география, математика, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣаз фанҳои табиӣ-риёзӣ (география, математика, физика, биология, химия, технологияи иттилоотӣ) гузаронида шуд.

Дар олимпиадаи даставӣ хонандагони боистеъдоди вилояти Суғд бо ба даст овардани  23 ҷойи ифтихорӣ  сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Дар давриҷумҳуриявии Олимпиадаи номӣ бошад, 19ҷойи ифтихориро азхуд карда, дар миқёси ҷумҳурӣ мақоми аввалро соҳиб шуданд.

Тавре аз Раёсати маорифи вилоят хабар доданд, дар олимпиадаҳои номию даставӣ аз ҳама бештар хонандагони шаҳрҳои Хуҷанд (13 ҷой) ва Исфара (9 ҷой) медал ба даст оварданд. Қобили зикр аст, ки дар олимпиадаи имсолаи номию даставӣ  хонандагони шаҳру навоҳии Конибодом, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Масчоҳ ва Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон  дар қиёс ба солҳои пешин фаъол буда, мақомҳои ифтихориро соҳиб гардиданд.

Ғолибони даври ҷумҳуриявии Олимпиадаҳои даставӣ ва номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо ҷом, медали рамзӣ, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Хонандагоне, ки сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 гардидаанд, ҳангоми супоридани имтиҳонҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таносубан ба 100, 75 ва 50 холи (бонус) иловагӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хонандагони мактабҳои вилоят дар Олимпиадаҳои номӣ ва даставӣ ҷойҳои якум ва дуюмро соҳиб шуданд