Хабарҳо
Марзбони Ватан - 23.04.2019 01:46
Мулло Кабирӣ куҷо парвои интернет дорад? - 23.04.2019 01:38
Раиси вилоят роҳбарияти корхонаи мошинбарории “Белл”-ро ба ҳузур пазируфт - 22.04.2019 16:18
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 22.04.2019 15:31
Машқҳои мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ҷамъбаст шуд - 22.04.2019 14:33
Ғолибони Фестивали вилоятииҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» муайян шуданд ​ - 22.04.2019 13:45
Фестивали вилоятии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» /АКСҲО/ - 22.04.2019 13:20
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони расонаҳои иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоҳиба анҷом доданд - 22.04.2019 13:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Амфитеатри Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсиро ифтитоҳ намуданд - 22.04.2019 13:03
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои навсозии «Комбинати орди Душанбе» оғоз бахшиданд - 22.04.2019 12:11

Маълумот оид ба иҷрои буҷети вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2019

( 4 Овоз )

Дар семоҳаи якуми соли 2019 ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида, қариб дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта шуд.

Дар заминаи таъмин гардидани рушди бемайлони нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии вилоят ва андешидани чораю тадбирҳои зарурӣ дар ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2019-ум нақшаи аниқшудаи даромади буҷети умумии вилоят (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 104,9 фоиз иҷро гардида, ба буҷети давлатӣ ба маблағи 565,4 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои гуногун ворид карда шуданд, ки ин нисбат ба нақша 26,3 млн. сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 89,3 млн. сомонӣ (18,7 фоиз) зиёд мебошад.

Ҳамзамон дар ин давра дар вилоят иҷрои нақшаи воридот аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаи нақшавии даромади буҷет, ба истиснои андоз аз даромад, пурраю барзиёд таъмин гардид.

Дар ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2019 ҷамъоварии андоз аз даромад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ ба маблағи 3,0 млн. сомонӣ ё ба қадри 3,0 фоиз афзуда, бинобар иҷро нагардидани нақшаи ин намуди даромад дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Гулистон, Деваштич, Зафаробод, Истиқлол, Исфара, Мастчоҳ, Спитамен, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон иҷрои нақшаи умумии андоз аз даромад дар вилоят ба андозаи 5,2 фоиз ва ба маблағи 5,6 млн. сомонӣ таъмин нагардид.

Баробари ин, дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои Зафаробод нақшаи 4 намуди даромад, Деваштич, Истаравшан, Конибодом ва Ҷаббор Расулов 3 намуд, Айнӣ, Ашт, Гулистон, Исфара, Панҷакент, Спитамен ва Хуҷанд 2 намуд, Бобоҷон Ғафуров, Бўстон, Истиқлол, Кўҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ ва Шаҳристоон нақшаи 1 намуди даромад иҷро нагардид, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 22,7 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба буҷетҳои маҳаллӣ 10,8 млн. сомонӣ маблағ ворид нагардид.

Дар марҳилаи ҳисоботӣ муносибатҳои байнибуҷетӣ тибқи тартиби дар қисми 2, моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» пешбинишуда роҳандозӣ гардида, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ҳиссаҷудокуниҳо аз андоз ва даромадҳои умумидавлатие, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди вилоят қарордошта ворид гардидааст, ба маблағи 114,7 млн. сомонӣ гузаронида шуд, ки ин нисбат ба нақша ба андозаи 1,0 фоиз ё ба маблағи 1,1 млн. сомонӣ кам ва нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 25,0 фоиз ё 23,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи даромадҳо ба буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ ба андозаи 106,5 фоиз иҷро шуда, ба ҷойи 423,2 млн. сомонии нақшавӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ 450,8 млн. сомонӣ ворид гардид ва ин нисбат ба нақша 27,6 млн. сомонӣ ё нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 66,5 млн. сомонӣ ё 17,3 фоиз зиёд мебошад.

Дар ҷамъбасти семоҳаи якум, новобаста аз таъмин гардидани нақшаи даромадҳои умумии буҷет, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Исфара ба андозаи 1,8 фоиз ва ба маблағи 352,6 ҳазор сомонӣ таъмин нагардид.

Тибқи маълумоти пешакии Раёсати андоз дар вилояти Суғд иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ дар ин давра ба андозаи 99,8 фоиз ва ба маблағи 183,1 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба андозаи 98,7 фоиз ё ба маблағи 65,5 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ба андозаи 100,5 фоиз ё ба маблағи 117,6 млн. сомонӣ таъмин гардидааст.

Тазаккур бояд дод, ки мутобиқи ҳисоботи мақомоти андоз воридоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ дар семоҳаи якуми соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум дар маҷмўъ 11,8 фоиз ё 19,3 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби андози иҷтимоии буҷетӣ 29,9 фоиз ё 15,1 млн. сомонӣ ва ғайрибуҷетӣ 3,8 фоиз ё 4,3 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳарчанд бо истифода аз фишангҳои мавҷуда маблағи бақияи қарзи андозҳо дар ин марҳила нисбати аввали сол 2,3 млн. сомонӣ кам карда шуд, бақияпулиҳои андоз (бе назардошти қарзи андози андозсупорандагони шуъбаи Нозироти андозсупорандагони калон дар вилоят) дар ҳолати 1 марти соли 2019-ум дар вилоят маблағи 94,9 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Маблағи асосии бақияпулиҳоро бақияи қарзи андози иҷтимоӣ ба маблағи 34,8 млн. сомонӣ (36,6 фоизи маблағи умумии бақияпулиҳо), андоз аз арзиши иловашуда 13,8 млн. сомонӣ (14,6 фоиз), низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (андози ягона) 10,8 млн. сомонӣ (11,3 фоиз), дигар пардохтҳои ҳатмии ҷумҳуриявӣ 9,7 млн. сомонӣ (10,3 фоиз) ва ғайра ташкил медиҳанд.

Ҳаҷми зиёди маблағи бақияпулиҳо ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 18,3 млн. сомонӣ (17,4 фоизи маблағи умумии бақияпулиҳо), Мастчоҳ 10,7 млн. сомонӣ (10,2 фоиз), Зафаробод 10,6 млн. сомонӣ (10,1 фоиз), Исфара 9,9 млн. сомонӣ (9,4 фоиз), Истаравшан 8,8 млн. сомонӣ (8,4 фоиз), Панҷакент 7,3 млн. сомонӣ (6,9 фоиз), Ҷаббор Расулов 4,5 млн. сомонӣ (4,3 фоиз), Бобоҷон Ғафуров 4,7 млн. сомонӣ (4,5 фоиз) ва боқимонда ба дигар шаҳру ноҳияҳо рост меояд.

Дар ин давра ҳаҷми маблағи бақияи қарзи андозҳо танҳо дар шаҳри Истаравшан нисбат ба аввали сол ба маблағи 170,7 ҳазор сомонӣ афзуда, дар боқимонда шаҳру ноҳияҳои вилоят кам карда шуд.

Хароҷоти буҷети вилоят дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда, дар ин давра мувофиқи ҳисоби пешакӣ ба иқтисодиёти вилоят 404,9 млн. сомонӣ равона гардид, ки 99,9 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбати нақша 0,6 млн. сомонӣ кам ва нисбат ба хароҷоти амалии се моҳи аввали соли 2018-ум 79,1 млн. сомонӣ ё 24,3 фоиз зиёд мебошад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар маблағгузории буҷетҳои маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ низ чун ҳарвақта афзалият ба хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ - маориф, нигоҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш нигаронида, дар маҷмўъ ба соҳаҳои зикршуда дар семоҳаи якуми соли 2019-ум 327,3 млн. сомонӣ равона гардид, ки баробари 80,8 фоизи ҷамъи хароҷоти гузаронидаи буҷетҳои маҳаллӣ мебошад. Лозим ба зикр аст, ки маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ дар ин давра нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум ба андозаи 18,7 фоиз ва ба маблағи 51,5 млн. сомонӣ афзуд.

Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби буҷети вилоят ба соҳаи маориф 197,8 млн. сомонӣ равона гардид, ки 99,8 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақша 0,3 млн. сомонӣ кам мебошад. Тазаккур бояд дод, ки маблағгузории буҷетӣ ба соҳаи маориф нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,1 млн. сомонӣ ё 17,9 фоиз зиёд гардида, хароҷоти соҳа дар хароҷоти умумии буҷети вилоят ба 48,8 фоиз баробар аст.

Барои нигоҳдорӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ дар се моҳи аввали соли 2019-ум 101,0 млн. сомонӣ равона гардид, ки 99,9 фоизи нақшаро ташкил дода, хароҷоти соҳа нисбати ҳамин давраи соли гузашта 21,2 млн. сомонӣ ё 26,6 фоиз афзуд.

Аз ҷумла, дар ин давра барои нигоҳдорӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами 132 беморхона 58,2 млн. сомонӣ, 610 маркази саломатӣ 32,1 млн. сомонӣ ва 80 маркази ҳифзи саломатии аҳолӣ 4,7 млн. сомонӣ маблағ масраф гардид.

Умуман дар ин давра истифодаи маблағҳои буҷетӣ дар доираи даромади воқеии буҷет амалӣ гардида, дар навбати аввал маблағгузории музди меҳнат, маблағҷудокунӣ барои суғуртаи иҷтимоӣ, стипендия, кўмакпулӣ, ҷубронпулӣ ва пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ ба роҳ монда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз буҷети вилоятӣ ба буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ба маблағи умумии 32,1 млн. сомонӣ субвенсия ва бо роҳи ҳисоббаробаркунии байнибуҷетӣ 19,1 млн. сомонӣ равона гардид.

Давоми се моҳи аввали соли равон бо мақсади татбиқи Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нўшокӣ барои солҳои 2008-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006, №514 тасдиқ шудааст, аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ 1369,4 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.

Доир ба таъмиру тармим ва азнавбарқароркунию мумфаршкунии роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта дар вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида, давоми семоҳаи ҳисоботӣ бо маблағгузории буҷетҳои маҳаллии вилоят 17,8 км. роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ бо масоҳати умумии 81,0 ҳазор метри мураббаъ таъмиру тармим ва мумфарш карда, ба ин мақсад 9,3 млн. сомонӣ ба харҷ дода шуд.

Дар марҳилаи ҳисоботӣ ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018, №374 «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» аз буҷетҳои маҳаллии вилоят 1831,2 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.

Айни замон дар вилоят 2697 ташкилоту муассиса (аз ҷумла 1650 адад бо муҳосиботи мустақил) аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузорӣ шуда, аз онҳо 920 ташкилоту муассиса хизматрасониҳои пулакиро анҷом дода, дорои маблағҳои махсус (ғайрибуҷетӣ) мебошанд.

Ҳамзамон, истифодаи маблағҳои махсус қатъиян дар дохили низоми хазинадорӣ ба роҳ монда, дар марҳилаи сипарӣ ба суратҳисобҳои ягонаи хазинадорӣ оид ба маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷети маҳаллӣ дар маҷмўъ 41031,0 ҳазор сомонӣ ворид ва 32504,9 ҳазор сомонӣ хароҷот гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади таъмини назорати истифодаи мақсаднок ва босамари маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби шуъбаи аудити дохилӣ ва назорати Сарраёсати молия дар вилоят 103 аудит гузаронида, дар натиҷа зарари молиявӣ ба маблағи умумии 1694,1 ҳазор сомонӣ ва камбудӣ ва норасоиҳое, ки ба зарари молиявӣ дохил намешаванд, ба маблағи умумии 7515,1 ҳазор сомонӣ ошкор гардида, 17 маводи аудиторӣ ҷиҳати баррасии минбаъда ва қабули қарори дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд.

Хадамоти матбуотиС

арраёсати молия дар вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Маълумот оид ба иҷрои буҷети вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2019