Хабарҳо
Раиси вилоят роҳбарияти корхонаи мошинбарории “Белл”-ро ба ҳузур пазируфт - 22.04.2019 16:18
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 22.04.2019 15:31
Машқҳои мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ҷамъбаст шуд - 22.04.2019 14:33
Ғолибони Фестивали вилоятииҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» муайян шуданд ​ - 22.04.2019 13:45
Фестивали вилоятии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» /АКСҲО/ - 22.04.2019 13:20
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони расонаҳои иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоҳиба анҷом доданд - 22.04.2019 13:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Амфитеатри Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсиро ифтитоҳ намуданд - 22.04.2019 13:03
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои навсозии «Комбинати орди Душанбе» оғоз бахшиданд - 22.04.2019 12:11
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-ро ифтитоҳ намуданд - 22.04.2019 11:58
Баргузории машқи мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда - 19.04.2019 17:05

Баргузории ярмаркаи «Интихоби мутахассиси арзанда» дар Донишкадаи политехникии ДТТ ​

( 0 Овоз )

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон​ ярмаркаи ҷойҳои кории холии«Интихоби мутахассиси арзанда»доир гардид. ​

Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ муовини директор оид ба таълим Хуршед Мақсудов баён дошт, ки​роҳбарияти донишкада дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, сол аз сол вазъи пояи моддиву техникии худро беҳтар менамояд.​

Гуфта шуд, ки бо мақсади тақвияти ​ ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо роҳбарияти донишкада тасмим гирифтааст, ки бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳо​силсиламулоқотҳо доир намуда, барои пешравии кор робитаҳоро мустаҳкам намояд. Чорабинии имрӯза имконият медиҳад, ки хатмкунандагон​ барои худ ҷойи кори муносиб пайдо намоянд.

Дар қисмати дуввум намояндагони корхонаҳо дар алоҳидагӣ аз рӯи ихтисосҳо бо хатмкунандагон вохӯрӣ намуда, оид ба ташкилоти худ, талабот ба кор маълумот дода, ба саволҳои хатмкунандагон посухҳои мушаххас доданд. ​

Тибқи иттилои масъулини донишкада пас аз баргузории ярмаркаи мазкур то 60 нафар хатмкунандагон дар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо барои таъмин шудан бо кор имконият пайдо намуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории ярмаркаи «Интихоби мутахассиси арзанда» дар Донишкадаи политехникии ДТТ ​