Хабарҳо
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноат мулоқот намуданд - 14.10.2019 16:41
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 13.10.2019 09:42
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - 12.10.2019 08:36
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:28
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:26
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:25
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон - 11.10.2019 14:21
Рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ тасдиқ гардид - 11.10.2019 16:09

Баргузори озмуни умумидонишгоҳии “Магистранти сол” дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

( 0 Овоз )

Бо мақсади таҳким бахшидан ба раванди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва муаррифии натиҷаи корҳоиилмӣ-тадқиқотиимагистрантон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуниумумидонишгоҳии “Магистранти сол” баргузор гардид.

Давриниҳоии озмуни мазкур дар Раёсати донишгоҳ байни 13 магистрантазрӯиихтисоситабиӣ-риёзӣ ва ихтисосҳои ҷомеашиносӣ ​ сурат гирифт.

Дар натиҷаи холгузории аъзои комиссия ба дастовардҳои магистрантон ​ аз рӯи ихтисосҳои табиӣ-риёзӣ зинаҳои ифтихориро Баҳодур Меликбоев,​ магистранти курси якуми ихтисоси физика (ҷои якум), Рӯзибой Баротов, магистранти курси дуюми ихтисоси математика (ҷои дуюм), Мирзосодиқ Сангинов, магистранти курси дуюми ихтисоси география (ҷои сеюм) ва аз рӯи ихтисосҳои ҷомеашиносӣ -Шоира Олимова, магистранти курси дуюми​ ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик (ҷои якум), Муаззам Алиматова, магистранти курси дуюми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ (ҷои дуюм), ​ Муҳайёхон Қаюмова, магистранти курси дуюми ихтисоси кори бонкӣ (ҷои сеюм) сазовор гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки озмуни макур мунтазам доир гашта, ҳадаф аз дарёфт​ ва дастгирии ҷавонони​ донишмандусоҳибистеъдод, муайян намудани​ мавқеи​ касбӣ​ ва маърифатмандии​ онҳо,​ интихоби​ беҳтарин​ кадрҳои илмиву педагогӣ​ ва дар ин замина​ омода​ намудани мутахассисони ҷавобгӯ бамеъёрҳоибайналхалқии бозори меҳнат​ мебошад.​

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузори озмуни умумидонишгоҳии “Магистранти сол” дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд