Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқот намуданд - 17.07.2019 09:19
Суғд: Дар нимсолаи якуми соли равон 1429 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт - 16.07.2019 09:02
Мастчоҳ. Иҷроиши нақшаи андозҳо 102,8 фоиз таъмин гашт - 16.07.2019 08:45
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 - 16.07.2019 08:34
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Конибодом ба 149 млн. 519,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид - 15.07.2019 10:45
Ифтитоҳи Маркази савдои "Корвон-Плаза" дар шаҳри Бӯстон - 15.07.2019 10:33
Хуҷанд. Ба маблағи 93,3 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ содирот шуд - 15.07.2019 10:30
Дар шаҳри Бӯстон 43 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд - 12.07.2019 16:14
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи «Чашмаи Нуқра»-и ноҳияи Данғара дидан карданд - 12.07.2019 16:05
Ашт. Ба маблағи 93 млн. 382 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид - 12.07.2019 15:43

Ташкили Ситоди вилоятии “Тобистон-2019”

( 0 Овоз )

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ омода кардани иншоотҳои истироҳатию солимгардонӣ, ташкили истироҳати кӯдакону наврасон дар мавсими тобистони соли 2019 бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 29 марти соли 2019, №142 Ситоди вилоятии “Тобистон-2019” таъсис дода шуд.

Ба ҳайати Ситоди вилоятии “Тобистон-2019” шахсони масъул аз ҳисоби муовини Раиси вилоят, мудирони бахшу шуъбаҳо ва раёсатҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шомил мебошанд.

Дар асоси қарори Раиси вилоят “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019” раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардидаанд, ки то 20 майи соли равон таъмиру сохтмон, муҷаҳҳазгардонии биноҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ, кабудизоркуниро дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишӣ ва солимгардонӣ ба анҷом расонанд. Раисони шаҳру ноҳияҳо ҳамзамон вазифадоранд, ки истироҳатгоҳҳоро бо мутахассисон таъмин намуда, ба кӯдакону ятиму бепарастор ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат роҳхатро дастрас намоянд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ташкили Ситоди вилоятии “Тобистон-2019”