Хабарҳо
Зафаробод. Тавассути пойгоҳҳои обкашӣ 32 000 гектар замин обёрӣ мешавад - 22.07.2019 14:52
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 22.07.2019 14:57
Суғд: Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон озмуни вилоятии "Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти беҳтарин" гузаронида мешавад - 22.07.2019 10:52
Таъсиси 6 ширкати сайёҳӣ ва 20 хатсайри нав дар Суғд - 22.07.2019 08:28
Барои беҳтарсозии ҳолати мелиоративии заминҳо 5,4 млн. сомонӣ равона гардид - 22.07.2019 08:26
Нашри китоби "Асосҳои давлат ва давлатдорӣ аз назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон" - 22.07.2019 08:22
Нишасти 174-умини маҳфили “Ганҷи сухан” дар Ҷамоати деҳоти Ворух сурат гирифт - 19.07.2019 12:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 19.07.2019 12:51
Суғд: Бо харҷи беш аз 10 млн. сомонӣ 42 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд - 19.07.2019 11:27
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бунёду азнавсозии беш аз 90 иншооти соҳаи тандурустӣ ба итмом расонида шуд - 19.07.2019 11:04

Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии байнисарҳадии «Дӯстӣ-2019» доир гардид

( 0 Овоз )

Рӯзҳои 6-7 апрели соли равон дар Маркази таълимии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии байнисарҳадии «Дӯстӣ-2019» доир гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамоиши мазкур дар доираи лоиҳаи муштараки «Дастгирии ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар чаҳорчӯби ислоҳоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи илмӣ-техникии зиёиёни Тоҷикистон», Ташкилоти байналхалқии ғайридавлатии «Дунёи бехатар» (Saferworld) ва шуъбаи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон  баргузор гардид.

Ҳамоиш барномаи байналхалқӣ буда, бо мақсади равнақ бахшидани дӯстӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, пешгирӣ аз муноқишаҳои наздисарҳадӣ, таъмини амнияту бехатарӣ дар ҳудуди минтақаҳои наздисарҳадии вилоятҳои Суғд ва Бодканди ду ҳамсоякишвар равона гардид. Ҷиҳати иштирок дар ин ҳамоиш кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ходимони ҷамъиятиву давлатӣ, фаъолон, ҷавонони ташаббускор, намояндагони касбу кори гуногун аз ҳисоби сокинони шаҳру ноҳияҳои ҳамсарҳади Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон даъват гардиданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мушовири Вазири корҳои дохилӣ Ориф Ҷураев ва ҷониби меҳмононро муовини сардори РВКД Ҷумҳурии Қирғизистон Арстан Усанов роҳбаладӣ менамуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи лоиҳаи мазкур бо иштироки фаъолонаи ҷонибҳо суҳбати «мизи мудаввар» ва мусобиқаҳои варзишии футбол ва волейбол дар фазои дӯстиву якдигарфаҳмӣ ҷараён гирифтанд.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии байнисарҳадии «Дӯстӣ-2019» доир гардид