Хабарҳо
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноат мулоқот намуданд - 14.10.2019 16:41
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 13.10.2019 09:42
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - 12.10.2019 08:36
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:28
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:26
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:25
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон - 11.10.2019 14:21
Рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ тасдиқ гардид - 11.10.2019 16:09

Конибодом. Бо саҳмгузории соҳибкорон кӯчаҳо обод ва иншооти муҳим бунёд гардида истодааст

( 0 Овоз )

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлилишоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сокинони шаҳри Конибодом иқдому ташаббусҳои наҷиб рӯи кор омада, шаҳру деҳот рӯз аз рӯз обод мегардад.

Дар ин радиф бунёди як қатор иншоот, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, таъмири роҳҳо, чароғонкунии кӯчаҳо ва амсоли ин идома дошта, дар ин самт соҳибкорон саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Аз ҷумла, бо ташаббуси сокинон кӯчаҳои ба номи М.Олимов ва Ш.Ҳусейнзода ба масоҳати 650 метри мураббаъ ва харҷи 160000 сомонӣ мумфарш гардида, ба маблағи 20000 сомонӣ чароғон гардид. Дар иҷрои корҳои ободонӣ соҳибкорон Баҳодурҷон Ваҳҳобов, Акмал Тоҷиев, Раҳматҷон ва Рауфҷон Бобоҷоновҳо чун инсонҳои хайрхоҳу саховатпеша саҳми назаррас гузоштанд.

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз бошад зодаи деҳаи Маҳрам, соҳибкори ҷавон Наимҷон Мамадов бо аҳли маҳалла кӯчаи ба номи Ҷонон Ӯруноваро мумфарш ва чароғон гардонид.

Инчунин бо ҳиммати ҷавонмарди ватандӯсту ободгар Зафарҷон Қодиров дар рӯзҳои наврӯзӣ дар кӯчаи марказии ба номи С.Айнӣ бинои чойхона, сартарошхона ва истгоҳи замонавӣ мавриди баҳрабардории сокинон қарор гирифт. Минбаъд аз чойхона ва дигар иншооти зикршуда сокинони кӯчаҳои ба номи Ҳоҷӣ Алиев, И.Иброҳимов, Ю.Ёдгоров, А.Тошматов, М.Ҳомидов ва С.Айнӣ истифода менамоянд.

Ин чанд намунае аз раванди саҳмгузории сокинон дар корҳои ободониву созандагӣ буд ва чунин бунёдкориҳо дар шаҳру деҳот бомаром идома дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Конибодом. Бо саҳмгузории соҳибкорон кӯчаҳо обод ва иншооти муҳим бунёд гардида истодааст