Хабарҳо
Нишасти 174-умини маҳфили “Ганҷи сухан” дар Ҷамоати деҳоти Ворух сурат гирифт - 19.07.2019 12:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 19.07.2019 12:51
Суғд: Бо харҷи беш аз 10 млн. сомонӣ 42 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд - 19.07.2019 11:27
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бунёду азнавсозии беш аз 90 иншооти соҳаи тандурустӣ ба итмом расонида шуд - 19.07.2019 11:04
Ҷалби 176,8 млн. доллар сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилояти Суғд - 19.07.2019 11:03
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби шаҳодатномаи барномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардид - 19.07.2019 10:18
Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ барои кормандони ВАО - 18.07.2019 14:53
Дар шаҳри Конибодом 11 майдончаи варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд - 18.07.2019 10:40
Дар нимсолаи якуми соли 2019 шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят 6834 нафар афзудааст - 18.07.2019 09:31
Таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ. Дар Суғд озмуни кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ гузаронида мешавад - 18.07.2019 08:53

Меҳрон Бобоҳоҷиев: Қарзи ҷавонмардии худро дар назди Ватан бошарафона иҷро намоед

( 0 Овоз )

Рӯзи гузашта дар Комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара бо ширкати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, комиссариати ҳарбӣ, афсарону аскарони қисмҳои низомӣ, собиқадорон, наврасону ҷавонон ва волидони даъватшавандагон маросими гусели наваскарон ба хизмати Ватан баргузор гардид.

Дар маросими гусели даъватшавандагон муовини раиси шаҳр Ҳайдарзода Ҷаъфар Маҳмуд сухан гуфта, аз ҷавонон даъват намуд, ки ба Ватан содиқонаву софдилона хизмат кунанд ва бо сари баланд ба назди волидони худ баргарданд.

Мавсуф бо баробари изҳори сипос ва таманниёти нек ба наваскарон, хизмат ба Ватан – Модарро рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ арзёбӣ кард ва аз таваҷҷўҳи роҳбарияти мамлакат бобати муҳайё намудани шароитҳои хуби хизмати ҳарбӣ ва зисти сарбозону афсарон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ёдовар шуд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин раиси Шӯрои собиқадорони меҳнат Ҷамолиддин Нуриддинов, модари даъватшаванда Оминахон Фозилова ва муовини раиси Шӯрои собиқадорони барқарокунандагони сохти конститутсионӣ Икром Юсупов баромад намуда, аз муқаддас будани Ватан ва ҳатмӣ будани хизмати ҳарбӣ ёдовар шуданд..

Даъватшаванда Меҳрон Бобоҳоҷиев аз номи наваскарон суханронӣ намуда, баробари ваъдаи хизмати содиқона ба Ватан, аз ҳамаи ҳамсолони худ даъват кард, ки қарзи ҷавонмардии худро дар назди Ватан бошарафона иҷро намоянд.

Барномаи фарҳангии саршори меҳру муҳаббати ватандорӣ анҷомбахши тантанаҳои гусели наваскарон гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Меҳрон Бобоҳоҷиев: Қарзи ҷавонмардии худро дар назди Ватан бошарафона иҷро намоед