Хабарҳо
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноат мулоқот намуданд - 14.10.2019 16:41
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 13.10.2019 09:42
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - 12.10.2019 08:36
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:28
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:26
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:25
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон - 11.10.2019 14:21
Рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ тасдиқ гардид - 11.10.2019 16:09

“Ҳимояи Ватан қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии ҳар як ҷавонмард аст”! Дар Мастчоҳ даъватшавандагонро ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд

( 0 Овоз )

3 апрели соли равон дар ноҳияи Мастчоҳ ба муносибати гусели аввалин гуруҳи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, дар чорабинӣ мудирони шуъбаю бахшҳо ва намояндагони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисон ва масъулони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарону масъулони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷу литсейҳо, собиқадорони меҳнат ва волидони даъватшавандагон иштирок доштанд.

Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода чорабиниро ифтитоҳ бахшида, аз иқдоми ватандӯстонаи ҷавонон, ки ихтиёран барои адои хизмати ҳарбӣ омода шудаанд, изҳори хушнудӣ намуд ва таъкид кард, ки ҳимояи Ватан қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии ҳар як ҷавонмард мебошад.  Қайд карда шуд, ки имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит барои сарбозон фароҳам оварда шудааст.

Дар чорабинӣ волидон ва даъватшавандагон низ сухан гуфта, аз ҷавонони ноҳия даъват намуданд, ки барои хизмати Ватан ҳамеша омода бошанд.

Сипас, ба наваскарон тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва барои иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ ба Ҷамоати шаҳраки Обшорон 10 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда шуд. 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд “Ҳимояи Ватан қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии ҳар як ҷавонмард аст”! Дар Мастчоҳ даъватшавандагонро ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд