Хабарҳо
Нишасти 174-умини маҳфили “Ганҷи сухан” дар Ҷамоати деҳоти Ворух сурат гирифт - 19.07.2019 12:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳукуқу тартибот тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 19.07.2019 12:51
Суғд: Бо харҷи беш аз 10 млн. сомонӣ 42 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд - 19.07.2019 11:27
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бунёду азнавсозии беш аз 90 иншооти соҳаи тандурустӣ ба итмом расонида шуд - 19.07.2019 11:04
Ҷалби 176,8 млн. доллар сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилояти Суғд - 19.07.2019 11:03
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби шаҳодатномаи барномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардид - 19.07.2019 10:18
Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ барои кормандони ВАО - 18.07.2019 14:53
Дар шаҳри Конибодом 11 майдончаи варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд - 18.07.2019 10:40
Дар нимсолаи якуми соли 2019 шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят 6834 нафар афзудааст - 18.07.2019 09:31
Таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ. Дар Суғд озмуни кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ гузаронида мешавад - 18.07.2019 08:53

Ашт. Гуруҳи аввалини ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар карда шуданд

( 0 Овоз )

3 апрел дар ноҳияи Ашт ба муносибати гусели аввалин гуруҳи ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади мазкур дар назди Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия доир шуд ва Зариф Мирдадо, раиси ноҳияи Ашт зимни суханронии худ иброз дошт, ки имрӯзҳо ҷавонони ноҳия дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сари баланд адои хизмат мекунанд. Таъкид карда шуд, ки хизмати Ватан-Модарро адо намудан қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард буда, ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои ҳимояи марзу буми сарзамин омода мебошанд.

-Ман ба ҳамаи падарону модарон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ки чунин ҷавонони боғуруру ватандӯстро бо меҳру муҳаббати самимӣ тарбия намудаанд, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия арзи сипос менамоям, - зикр намуд раиси ноҳия.

Баҳри болидахотирии даъватшавандагон ва хотирмон сурат гирифта маъракаи гусел аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар нахустин рӯзҳои даъвати баҳорӣ аз ноҳияи Ашт ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 70 нафар сафарбар карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ашт. Гуруҳи аввалини ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар карда шуданд