"Истиқлол"-и Душанбе ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд​дар бозии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё бо ҳам қувва месанҷанд

( 0 Овоз )

3 апрел дар​ Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе​ дар бозии аввали гурӯҳи "Д"–и Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё​ ду дастаи беҳтарини Тоҷикистон – "Истиқлол"-и Душанбе ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд бо ҳам қувва месанҷанд.

Тавре аз клуби футболи "Хуҷанд" иттилоъ доданд, вохӯрии байни дастаҳоро доварон аз кишвари Шри-Ланка ҳакамӣ мекунанд. Довари ФИФА Гамини Нивон Робеш ба ҳайси довари асосӣ дастаҳоро ба майдон мебарорад. Ба ӯ​ Веллабад​ Ниваҷ​ Дон Санҷиҷ Премалал ва Локу Кастботе​ Иран Удайякант ҳамчун ёвар ва Ҳанна Хатоб аз Сурия ба ҳайси довари эҳтиётӣ кумак мерасонанд. 

Нозири доварон Рустам Юсуф Мирзо аз Арабистони Саудӣ ва​ комиссар Субраманиан Маникам аз Малайзия таъйин шудаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share