Хабарҳо
Пахтакорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақшаи истеҳсоли пахтаро 100 % иҷро намуданд - 14.11.2019 14:56
Таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 14.11.2019 13:52
Нақши Пешвои миллат дар эҳё, тарғиб ва пажуҳиши тамаддуни бостон - 14.11.2019 11:00
Барандагони ҷоизаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муайян гардиданд - 14.11.2019 08:18
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзӯи “Президенти мо – Пешвои мо” мизи мудаввар доир шуд - 14.11.2019 08:15
Пирӯзии ихтироъкорони навраси вилоят дар озмуни ​ ҷаҳонии «Роботтехника» - 14.11.2019 08:10
Маросими ифтитоҳи Фонди хайриявии «Хуаксин – Суғд: Ман Тоҷикистонро дўст медорам» - 13.11.2019 15:33
Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони доираҳои соҳибкории вилояти Хубэйи Ҷумҳурии мардумии Чин - 13.11.2019 15:27
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим иштирок намуданд - 13.11.2019 10:23
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ иштирок намуданд - 12.11.2019 16:42

Эй дўст биё, “Сайри гули лола” равем!

( 1 Овоз )

Тоҷикон аз қадимулайём мардуми зебоипараст буданд ва ба ҳар чизе, ки хотири касро шоду болида месозад, муҳаббати хос  доштанд. Миёни ин муҳаббатҳо ишқи «гул» барои мардуми мо чун нишони ободӣ, шодиву сарсабзӣ  арзиши бештаре дорад.

Таваҷҷуҳ ба ин сарсабзӣ ва зебоиофарӣ буд, ки аз ибтидо ҷашну маросими мо ба «гул» пайванд аст. Ин пайванди зебо ба ороиши хонадон, хушҳолии дўстон, оромиши рўҳу ҷон алоқаманд мебошад.

Ин муҳаббат ба андозаест, ки ҷашнҳои вежаи мо ба гулҳо ихтисос мешаванд. “Сайри гули лола” ба ҳангоми иди Наврўз, “Сайри гули сурх” аз ин қабиланд. Воқеан, чаро мардуми мо ин қадар ба гулҳо муҳаббат доранд? Вожаи «гул» чӣ мафҳуму маъниеро дар худ нуҳуфтаву чӣ хосиятҳоеро дорост?

Муҳаммад Ҳусайн Халафи Табрезӣ дар «Бурҳони қотеъ» калимаи «гул» - ро шарҳ дода, қайд кардааст, ки «Гул» - маъруф аст ва ба маънии ахгари оташ ҳам ҳаст ва ранги сурхро низ гўянд ва ба тариқи киноя ифодаи маънии давлат ҳам мекунад, чунонки гўянд «аз гули ту инҳоро мешунавем», яъне аз давлати ту». Дар «Fиёс - ул - луғот» бошад, гул вожаи «маъруф аст ба маънии ахгари оташ низ ҳаст ва лафзи «гул» маҷозан ба маънии натиҷа омада ва низ ба маънии беҳтар ва хубтар» шарҳ ёфтааст. (Fиёс-ул-луғот, Бомбай, 1891). Устод С.Айнӣ ин калимаро ба гунаҳои зер маънидод карда: «Гул - 1. шукуфаи дарахтон ва гиёҳҳо; 2. растаниест, ки вайро танҳо барои ранг ва ё бўяш мекоранд.

Мафҳуми  «Сайри гули сурх» дар «Ёддоштҳо» - и Садриддин Айнӣ омада, устод ғазале ҳам эҷод кардаанд, ки бо унвони «Гули сурх» машҳур аст, дар он омадааст:

Аз тамошои гули сурх аз чӣ мемондам ҷудо,

Гар ба каф, чун аҳли олам дирҳаме медоштам.

Дар ин китоб Садриддин Айнӣ дар шарҳи «Сайри гули сурх» чунин овардаанд - сайре буд, ки ҳар сол дар саримазори Баҳовуддини Нақшбанд, ки аз шаҳр дар масофати 10 километр дар тарафи Шарқ воқеъ шудааст, дар моҳҳои апрел, май дар аввали шукуфтани гули сурх ташкил мешуд» (Ёддоштҳо, 408).

Бо чунин унвон баргузории тантанаву шодӣ аз он далолат медиҳад, ки «сайри гулҳо» дар ҷашнҳои миллӣ аз анъанаҳои қадимаи мост ва дар ин росто ихлоси самимӣ ба гули «лола» низ аз муҳассаноти анъанаҳои мардуми тоҷик аст ва ҳузури ин ҷашнҳо дар тасвирҳои бадеии адабиёти классикии мо ба ин гувоҳӣ медиҳанд.

Воқеан, бо таваҷҷуҳ ба матолиби шеъри форсӣ, метавон гуфт, ки  аз замонаи Рўдакӣ то ба имрўз камтар шоири форсизабонро пайдо кардан мумкин аст, ки ба гул ва бавежа гули «лола» таваҷҷуҳ накарда бошад.

Аз қадимӣ будани бастагии  мо ба «иди гулҳо», аз гўишҳои сурудаҳои фолклорӣ низ равшан аст, ки вирди забони мардум гашта:

Эй ёр, биё, сайри гули лола равем,

Бо пайраҳа аз пушти дари хола равем,

Ту дасти маро бигиру ман домани ту,

Чун ҷуфти муносибе сари ёла равем.

Агар мутаваҷҷеҳ шавем,  «лола» - ро дар баргҳои шеъри форсӣ зиёд мебинем. Ва суоли матраҳ ин аст, ки рамзу рози ин ҳама муҳаббат дар чист? Гули лола намуди соғаргуна, «чеҳраву дил» - и доғдор, ранги сурх дорад. Ин зебоӣ намуди дилнишин ва эҳсосбарангезии лола аст, ки шоирон дар тасвирҳояшон дар шумори гулҳои дигар василаи тасвири бадеӣ қарор медиҳанд.

Абулқосим Фирдавсӣ бо намоди лола чунин ҳамоса-       сароӣ кардааст:

Биёбон чу дарёи хун шуд дуруст,

Ту гуфтӣ, ки рўи замин лола руст.

Ироқӣ низ «сайри гул» - ро чун унсури тасвирсози байти зерин қарор медиҳад:

Сари сайри гул надорам, зи чӣ рў равам ба гулшан,

Ки шунидам зи гулҳо ҳама бўйи бевафоӣ.

Аз он ҷое, ки «Баҳория» ва ситоиши  «Наврўз» дар шеъри форсӣ ҷойгоҳи густурдае дорад, «лола» бо баҳорогандагии хеш бештар ҷалби таваҷҷуҳи шоирон мекунад ва ин алоқа ба паёмҳои намодини баҳор ва раҳо шудан аз дилтангиҳои сард замистонӣ доштани «гул» пайванд аст. Зеро, лоларо дар канори таваҷҷуҳ ба соири намодҳояш ҳамзоди баҳор медонанд.

Камоли Хуҷандӣ низ дар ғазалҳои хеш аз ибораи «гули наврўзӣ» истифода мекунад. Ибораи «гули наврўзӣ» дар «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ - «гули сияҳгўш», «гули сурх», «гули лола»,  «вард»  «ваҷҳи сурур», «боиси шодмонӣ», «шодибахш», «хуррамибахшиҳо» шарҳ ёфтааст. Шайх Камоли Хуҷандӣ мегўяд:

Ҳама олам ба тамошои ту шоданд, оре,

Ту маҳи идию рўи ту гули наврўзист.

Ибораҳои «маҳи ид» ва «гули наврўзӣ», ки чун во-ситаи тасвирсози байти мазкур ба кор рафтааст, ишорае зебо ба ҳамин анъанаи миллӣ ва «сайри гули наврўзӣ» ё «сайри гули лола» мекунанд.

Ва ё ҷои дигар:

Лаъли дурахшон нигар, ғайрати ёқути ноб,

Лолаи сероб бин, бастаи сунбул ниқоб.

Ҳоҷуи Кирмонӣ низ насими баҳорону сайри лолазоронро тоза шудани ҷон медонад:

Хуш дили Ҳоҷу, ки аз ин лолазор,

Тоза шудаш ҷон ба насими баҳор.

Хушбахтона,  ҷашни «Сайри гули лола» чанд соли охир дубора эҳё гардида, дар оғози фасли баҳор баргузор мегар-дад, ки бешак, дар эҳёи суннатҳои ниёгон, тарғиби ҳисси зебоипарастӣ, ободии муҳити зист, рушди гулпарварӣ, афзун намудани муҳаббат ба табиат, ҷалби сайёҳон ва рушди соҳаи туризм дар кишвари мо  мусоидат мекунад. Ва чӣ хуш, ки имрўз тамоми шаҳру навоҳии вилоят ба гулзоркунии атроф аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.

Дар шаҳри Хуҷанд гулбоғҳои зебову ороста хотиру завқи шаҳрвандону меҳмонони вилоятро шод месозанд. Имрўз гулбоғҳои кўчаҳои шаҳр бо сифат, ранг, дизайн, зичӣ, пайвастагӣ ва ҳаҷми кишти гулҳо нисбат ба солҳои пеш зеботару диданитаранд, ки хурсандибахш аст.

Масалан, аз замони қадим иди «Сайри гули лола» дар минтақаҳои Кўлоби бостонӣ маҳз дар аввали баҳор аз 1 то 10 - уми март ҷашн гирифта мешуд ва дар ин тантана занон ҳатман хўроки миллии «Далда» тайёр мекарданд, ки бо гандуми кўфташуда, пудинаву алафҳои аввали баҳор тайёр мешавад. Ин анъана то имрўз идома дорад.

Дар Исфараи бостонӣ бошад, дар маросими ҷашнҳои суннатӣ, аз ҷумла «Меҳргон», «Сайри гули лола», «Наврўз» нақшгўиву нақшхонӣ мекарданд. Ин мусиқи ҷашнӣ  то ба имрўз омада расидааст. Мардум дар ҷашнҳо оҳанги дилфиреб навохта, дастаҷамъона «Нақши калон», «Нақши миёна», «Нақши хурд», суруди тўёнаи «Ёр - ёр», «Бача, бача, ҷони бача» ва ғайраро месароянд.

Мегўянд, ки дар нақшгўии ҷашни «Сайри гули лола»   500 - 600 нафар ширкат варзида, ба оҳанги «Уфор» - и он ҷавонон рақс мекарданд. Ҳамчунин ҳофизон як, ду ё сенафарӣ «ашўлаи калон» - ро бо табақчаҳо месароиданд, ки 10-15 дақиқа идома меёфт.

Иди «Сайри гули лола» ҷашни асили гулпарварист ва чӣ хуш, ки дар арафаи ин ҷашни накўи аҷдодӣ дар шаҳри Хуҷанд дар раванди корҳои ободонӣ садҳо ҳазор бех гули лола шинонида шудааст.


Сурайё Ҳакимова,
номзади илмҳои филологӣ

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Эй дўст биё, “Сайри гули лола” равем!