Хабарҳо
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноат мулоқот намуданд - 14.10.2019 16:41
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон - 13.10.2019 09:42
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - 12.10.2019 08:36
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:28
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:26
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот намуданд - 11.10.2019 14:25
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон - 11.10.2019 14:21
Рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ тасдиқ гардид - 11.10.2019 16:09

Вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Зафаробод

( 0 Овоз )

Имрӯз мардуми кишвар бо тамоми ҳастӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷашни таърихии 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати тоза истиқбол гиранд. Дар ин радиф баҳри амалисозии ҳадафҳои стратегӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як сокини мамлакат тибқи барномаҳои давлатӣ пайваста тадбирҳои муассир андешида мешавад.

Дар ин раванд дар ноҳияи Зафаробод ба ҷашни бузурги миллӣ нақшаи чорабиниҳо иборат аз 355 банд ба маблағи беш аз 95 миллиону 970 сомонӣ ва таъсиси 873 ҷойи кори доимӣ тасдиқ гардидааст. То ба имрӯз тибқи нақша як қатор корҳо ба сомон расонида шуда, дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи ноҳия корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба таҷлили сазовори ҷашн идома доранд. Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ конфронсу семинарҳо таҳти унвони «Истиқлолият ва эҳёи анъанаҳои миллӣ», «Истиқлолият ва арзишҳои он», «Рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлолият», «Рушди маориф ва илм дар даврони истиқлолият», «Ҷавонон ва арзишҳои маънавии истиқлолият» гузаронида шуда, доир намудани ин гуна чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ идома доранд.

Айни замон дар ноҳия дар самти сохтмони чандин иншооти маъмурию таълимӣ, тандурустию фарҳангӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар асоси нақша корҳо идома доранд. Аз ҷумла, сохтмони кӯдакистони хусусӣ аз тарафи соҳибкор Шаҳло Кенҷаева бо маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, сохтмони 3 майдончаи варзишии замонавӣ бо маблағи 700 ҳазор сомонӣ дар Ҷамоати шаҳракҳои Зафаробод, Ҳамид Алиев ва Ҷамоати деҳоти Равшан, сохтмони 3 маркази хизматрасонӣ бо маблағи 500 ҳазор сомонӣ ва дигар иншооти иҷтимоиву маишӣ амалӣ карда мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки соли сипаригардида бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон ва сармоягузорони маҳалливу хориҷӣ 84 иншоот бо маблағи 15 миллиону 336 ҳазор сомонӣ бо таъсиси 191 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифт. Аз ҷумла, аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ дар Ҷамоати шаҳракҳои Зафаробод, Меҳнатобод ва Ҷамоати деҳоти Равшан 4 корхонаи коркарди пахта ба маблағи 5 миллиону 150 ҳазор сомонӣ бо таъсиси 83 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар маркази ноҳия бинои меҳмонхонаи хуштарҳу замонавӣ барои қабули меҳмонон ба маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт.

Инчунин, дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани ҳолати роҳҳои дохилии байни деҳаҳо ба маблағи 1 миллиону 360 ҳазор сомонӣ корҳои асфалтхобонӣ ва таъмири ҷорӣ аз ҳисоби буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия ба анҷом расонида шуд.

Бо мақсади рушди соҳаи варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим соли 2018 - ум 4 майдончаи хурди варзишӣ ба маблағи 950 ҳазор сомонӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мавриди истифода қарор гирифтааст.

Бо дастгирии соҳибкорону сокинони ноҳия кӯчаҳои марказии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба маблағи 321 ҳазор сомонӣ чароғон карда шуд.

Инчунин, аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Қаландар Ниёзов гармхонаи замонавӣ бо маблағи 250 ҳазор сомонӣ бунёд гардид, ки 6 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Бо мақсади хуб ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар ноҳия соли 2018 ба маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ шуъбаи бачагонаи беморхонаи марказии ноҳия, шуъбаи ҷарроҳӣ, беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ, маркази ВНМО, марказҳои саломатӣ, шуъбаҳои таваллудхона ва бунгоҳҳои тиббии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия таъмиру азнавсозӣ гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки системаи обтаъминкунии деҳаи Зарафшони Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд. Инчунин, бо дастгирии Бонки Аврупоии рушд ва таҷдид лоиҳаи барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳраки Зафаробод ба маблағи 3 миллиону 600 ҳазор доллари ИМА оғоз гардида, корҳо дар ин самт идома доранд.

Истиқлолият ҳаёти ҳар яки моро ба куллӣ дигаргун сохта, имрӯз сӯи дастовардҳои нек ва бунёдкориву созандагӣ ҳидоятгар аст.

Маъмурахон САМАДОВА,
Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Зафаробод